«ШАҲПИСАРИ ХАЙЁМ». Нашриёти «Адиб» 100 нусхаи охири ин китобро ба фурӯш мегузорад

0
331

«ШАҲПИСАРИ ХАЙЁМ». Нашриёти «Адиб» 100 нусхаи охири ин китобро ба фурӯш мегузорад

ДУШАНБЕ, 19.02.2029. /АМИТ «Ховар»/. 22 феврал  дар толори Театри давлатии опера ва балети ба номи С. Айнӣ ҳафтаи ҳаштуми намоиш-фурӯши китобҳои Нашриёти «Адиб» дар соли равон баргузор мегардад. Дар намоиш-фурӯши китоб 100 нусхаи охири китоби «Шаҳписари Хайём»-и Камол Насрулло ба фурӯш гузошта мешавад. Агар мехоҳед аз асрори зиндагӣ ва марги устод Лоиқ, шигифтиҳои ашъор, дастовардҳои беназири ӯ дар шеъри муосир огоҳӣ дошта бошед, бо муаллифи ин асрор аз назди шинос шаведу соядаст гиред, ба ин намоиш-фурӯш марҳамат намоед.

Тавре дар суҳбат ба мо  муаллифи китоб ва  шогирди устод Лоиқ Шералӣ, Шоири халқии Тоҷикистон Камол Насрулло иброз намуд,  асари мазкур аз ду қисмат иборат мебошад.

«Дар қисми аввали китоб ёддоштҳо роҷеъ ба ҳаёт ва фаъолият, сафарҳо, муносибати дӯстона бо устодони гузашта ва лаҳзаҳои ҷолиби ҳаёти устод, ки худам шахсан шоҳидашон мебошам, дарҷ ёфтаанд. Қисмати дуввуми китоб «Пажӯҳиши осори устод Лоиқ Шералӣ» мебошад»,- иброз дошт шоир.

«ШАҲПИСАРИ ХАЙЁМ». Нашриёти «Адиб» 100 нусхаи охири ин китобро ба фурӯш мегузорадКамол Насрулло гуфт, ки китоб ба он хотир «Шаҳписари Хайём» унвон гирифтааст, ки дар он  мақолае бо ҳамин ном ҷой дода шудааст. Дар мақолаи мазкур  роҷеъ ба дубайтию рубоиҳои устод ва монандии  онҳо  бо рубоиҳои устодони гузашта, аз ҷумла Умари Хайём изҳори назар  карда шудааст.

Хонандагоне, ки ин китобро харидорӣ менамоянд, ба хубӣ пай мебаранд, ки Лоиқ Шералӣ ба он андоза бузург аст, ки ҳар як мисраи эҷоднамудааш мондагор ва дилчасп аст.

Ёдовар мешавем, ки намоишгоҳ 22 феврал,  соати 08:00 оғоз меёбад.

Источник: khovar.tj