Истеҳсолот

0
1846

Кооператсияи матлубот бештар ба васеъ намудани номгӯи молу мавод ва афзоиш додани ҳаҷми истеҳсолот баҳри истеҳсоли молу маводи мавриди ниёзи мардум дар муассисаҳои соҳа таваҷҷуҳи бештар медиҳад. Бо ин мақсад дар 173 муассисаи хурду калони истеҳсолии соҳа ҳар сол зиёда аз 1335 тонна нон ва маҳсулоти нонӣ, зиёда аз 7 ҳазор қуттии шартӣ консерваҳо ва ба миқдори зиёда аз 400 ҳазор сомонӣ нон ва маҳсулоти нонӣ, маҳсулоти қаннодӣ, ҳасиб, нӯшокиҳои ғайриспиртӣ ва ғайра истеҳсол менамоянд. Ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ дар гардиши моли чакана дар соҳаи кооператсия зиёда аз 18 фоизро ташкил медиҳад.

Азбаски маҳсулоти истеҳсолнамудаи соҳаи кооператсияи матлубот аз ашёи хоми хушсифат тайёр карда мешавад, ба он талабот зиёд аст.

ҶДММ «Илмӣ- истеҳсолӣ»-и Иттифоқи Тоҷикматлубот ба гирифтани сертификати сифат дар сатҳи стандарти байналхалқӣ барои истеҳсоли маҳсулоти хушсифат сазовор гардидааст. 

Бо мақсади баланд бардоштани имконияти ашёи хоми чорво ба хориҷи кишвар Раёсати Иттифоқи Тоҷикматлубот таҷҳизоти махсус оид ба коркарди пашмро харидорӣ намуд, ки корхонаи коркарди пашм дар тайи як соат 550 кило пашм ва дар як бахши корӣ 4,4 тонна ин навъи маҳсулотро коркард менамояд, ки ҳамзамон баъди шустушӯй ва хушк намудан дар ҳаҷми 50 ва 100 килогӣ бастабандӣ карда мешавад.