Таърихи кооператсияи матлуботи Тоҷикистон

0
2827

Аз таърихи кооператсияи матлуботи Тоҷикистон

Ҳаракати кооперативӣ дар Тоҷикистон аввалҳои асри ХХ оғоз гардидааст. Аввалин ячейкаҳои кооперативӣ соли 1898 дар шаҳри Хуҷанд таъсис ёфтааст. Ташкили аввалин ҷамъияти кооперативии истеъмолгарон, ҳамчун ташкилоти ҷамъиятиву хоҷагӣ ба соли 1916 мутааллиқ буда, аввалин кооператив дар уезди Хуҷанди вилояти Самарқанд ба фаъолият оғоз намудааст. 

Ҷамъияти истеъмолгарон дар асоси Оиннома таъсис ёфта буд, ки он тамоми асоси кооператсия, аз ҷумла озодона дохил шудан ба узвияти кооператсия, тарзи идоракунии демократӣ ва назоратро дарбар мегирифт, ки то ба ҳол асоси ҳаракати кооперативиро дар тамоми дунё ташкил намудааст. Чунин ҷамъият соли 1919 дар шаҳри Конибодоми округи Хуҷанд таъсис ёфтааст. То соли 1922 миқдори чунин ташкилотҳо ба 29 адад мерасид. Дар баробари ин, таъсиси кооператив дар шаҳри Истаравшан, бо ташаббуси Икромхон Фозилхонов, такони ҷиддие барои қувват гирифтани ҳаракати кооперативӣ дар ин сарзамин гардид. 

Пас аз Инқилоби Кабири Сотсиалистии Октябр дар Россия пешвои инқилоб В.И.Ленин таъкид намуда буд: «Кооператсия бузургтарин дастоварди маданиест, ки онро бояд эҳтиёт намуда, истифода барем!».

Соли 1921 дар шаҳри Тошканд Бюрои Осиёи Миёнагӣ (Сентросоюз) таъсис дода шуд, ки он ташкилоти кооперативии «Турксоюз»-ро иваз намуд.

Ба хотири таъмини фаъолияти ҳарчи бештари муассир дар аввалҳои соли 1922 фаъолияти кооператсияи матлубот ба сохтори нав мутобиқ кунонида шуд. Дар натиҷа «Иттифоқи истеъмолгарони Хуҷанд» дигаргунсозӣ шуда аз «Турксоюз» як шабакаи савдо бо 16 адад дӯкони фурӯши маҳсулотро қабул намуд.

Моҳи октябри соли 1924 Ҷумҳурии автономии Шӯравии сотсиалистии Тоҷикистон таъсис ёфт, ки пойтахташ шаҳри Душанбе эълон гардид. Маҳз ҳамин сол, соли таърихӣ барои ояндаи кооператсияи матлуботи Тоҷикистон гардид.  Соли 1924 Иттифоқи ҷамъиятҳои истеъмолкунандагони Ҷумҳурии Ӯзбекистон бо номи «Узбекбирляшув» ва Маркази ҷумҳуриявии кооператсияи матлуботи Тоҷикистон таъсис ёфта, кооператсияи матлуботи Тоҷикистон 5 кооператив ва 14 дӯконро дар бар гирифта, шумораи аъзоёнаш 1173 нафарро ташкил медод. 

Дар соли 1925 расман ҷамъияти истеъмолкунандагони Душанбе таъсис ёфт, ки ҳамзамон дар баробари ин ҷамъияти истеъмолкунандагони Қаратоғ низ ба қайд гирифта шуд.

Моҳи октябри соли 1928 ҷамъиятҳои истеъмолгарони Ғарм, Ҷилликӯл, Сарой Камар, Обигарму Янгибозор таъсис ёфтанд. Соли 1929 баробари таъсисёбии Ҷумҳурии Советии Сотсиалистии Тоҷикистон дар ҳаёти кооперативии ҷумҳурӣ низ дигаргуниҳои ҷиддие ба амал омад. Дар ҷаласаи Шурои комисарони халқи РСС Тоҷикистон 18 июли соли 1929 қарори махсус « Оид ба ташкили Иттифоқи ҷамъиятҳои истеъмолгарони Тоҷикистон «Матлуботи тоҷик» қабул карда шуд, ки оғози фаъолияти онро 1 октябри соли 1929 эълон намуд. Вакилон дар Анҷумани 1 – уми кооператсия, 29 октябри соли 1929 дар бораи Иттифоқи истеъмолгарони мустақили Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор қабул намуданд. 

Бояд тазаккур дод, ки мутобиқи резолютсияи Ассамблеяи Генералии Созмони Миллали Муттаҳид аз 16 декабри соли 1992, № 47/90 ва муқаррароти Алянси Байналхалқии кооперативӣ ҳар сол дар тамоми ҷаҳон шанбеи аввали моҳи июл Рӯзи байналхалқии кооператсия қайд карда мешавад.

Таърихи кооператсияи матлуботи Тоҷикистон