Хӯроки умумӣ

0
3555

Коопреатсияи матлуботи Тоҷикистон дорои шабакаи васеи муассисаҳои хӯроки умумӣ мебошад. Дар ин бахши соҳа 187 муассисаи хӯроки умумӣ фаъолият дорад, ки аз онҳо 15 адад тарабхона, 57 адад чойхона ва 115 ададаш ошхонаҳо мебошанд. Айни замон дар мактабҳо ва дигар муассисаҳои таълимӣ бо хӯрок таъмин намудани хонандагон ба роҳ монда шуда истодааст. Шабакаи муассисаҳои хӯроки умумӣ, ки аз онҳо аҳолӣ истифода мебаранд, навъҳои гуногун дошта, аз ошхонаҳо, қаҳвахонаҳо, тарабхонаҳо, чойхона ва ғайра муассисаҳои махсус гардонидашуда иборат мебошанд. 

Хизматрасонӣ дар муассисаҳои хӯроки умумии кооператсияи матлубот дар сатҳи олӣ ба роҳ монда шудааст, ки  бисёре аз кормандони муассисаҳои хӯроки умумӣ бо унвонҳои ифтихории «Аълочии кооператсияи матлубот», «Корманди шоистаи кооперасияи матлуботи Тоҷикистон» қадрдонӣ гардидаанд.

Таббохони соҳаи кооператсияи матлуботи ҷумҳурӣ дар ҳама чорабиниҳои сатҳи ноҳиявӣ, шаҳрӣ, вилоятӣ, ҷумҳуриявиву байналхалқӣ фаъолона ширкат варзида, аз худ маҳорати баланди пазандагиву кордонӣ нишон медиҳанд.