Сохторҳои зиддитеррористии ИДМ соли 2020 дар минтақаи Каспий машқҳои муштарак мегузаронанд

0
205

Сохторҳои зиддитеррористии ИДМ соли 2020 дар минтақаи Каспий машқҳои муштарак мегузаронанд

ДУШАНБЕ, 19.02.2020 /АМИТ «Ховар»/. Cоли 2020 давлатҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил (ИДМ) машқҳои муштараки «Каспий-Антитеррор» мегузаронанд, ки дар онҳо механизмҳои амнияти минтақаи Каспий таҳия мешаванд. Тавре АМИТ «Ховар» бо истинод ба Интерфакс хабар медиҳад, дар ин бора маркази матбуоти Маркази зиддитеррористии (МЗТ) Иттиҳод иттилоъ дод.

Рӯзи сешанбе дар Москва «дар ҳошия»-и ҷаласаи роҳбарони марказҳои зиддитеррористии давлатҳои ИДМ машварати кории намояндагони хадамоти махсуси кишварҳои ИДМ баргузор гардид.

Тавре аз маркази матбуоти МЗТ ИДМ ба Интерфакс хабар доданд, дар ҷаласа масъалаҳои омодагӣ ба машқҳои муштараки зиддитеррористии «Каспий – Антитеррор-2020», ки масъалаҳои асосии он бо технологияҳои таъмини амнияти минтақаи Каспий марбут мебошанд, мавриди муҳокима қарор гирифтаанд.

«Айни замон сенарияи машқҳо таҳия шуда, ҳайати иштирокчиён муайян мегардад», — гуфта мешавад дар иттилоия бо истинод ба роҳбари МЗТ ИДМ Андрей Новиков.

Дар ҷаласа ҳайатҳои ниҳодҳои амниятӣ ва хадамоти махсуси нуҳ давлати Иттиҳод — Арманистон, Озарбойҷон, Беларус, Қазоқистон, Қирғизистон, Молдова, Россия, Тоҷикистон, Туркманистон ва Ӯзбекистон ширкат доштанд. Намояндагони сохторҳои оинномавӣ ва ҳамкории соҳавии давлатҳои ИДМ, Кумитаи байнидавлатии авиатсионӣ, Кумитаи иҷроияи Сохтори минтақавии зиддитеррористии СҲШ ва Котиботи СААД низ ширкат варзиданд.

«Иштирокчиёни ҷаласа тазаккур доданд, ки ҳоло ба амнияти давлатҳои ИДМ «ячейкаҳои хуфта» аз шумули онҳое, ки аз минтақаҳои даргир баргаштаанд, таъсир мерасонанд, ҷалбнамоӣ ба ташкилотҳои террористӣ ва экстремистӣ идома дорад ва таблиғот аз ҷониби аъзои ташкилотҳои байналмилалии террористӣ (ТБТ) бурда мешавад», — омадааст дар иттилоия.

Илова бар ин, яке аз омилҳое, ки ба амнияти минтақа таъсир мерасонад, ин «истифодаи технологияҳои нав аз ҷониби террористон, истифодаи робототехникаҳо ва дастовардҳо дар соҳаи технологияҳои рақамӣ бо мақсадҳои террористӣ» мебошад.

ДАР АКС: машқҳои муштараки фармондеҳӣ-ситодии «Каспий-Антитеррор», аз 17 то 19 августи соли 2005. Акс аз бойгонӣ

Источник: khovar.tj