Нишасти матбуотӣ

0
20

Дар Иттифоқи Тоҷикматлубот 6 феврали соли 2024 нишасти матбуотӣ баргузор гардид. Муовини раиси Раёсати Иттифоқи Тоҷикматлубот муҳтарам Раҳмонализода Хуршед Раҳмоналӣ ба диққати намояндагони воситаҳои ахбори омма оид ба фаъолияти кооператсияи матлубот дар соли 2023 ва вазифаҳои дарпешистода маълумот дод. Сипас, ба саволу пурсишҳои рӯзноманигорон ва хабарнигорони рӯзномаву маҷаллаҳо, шабакаҳои радио, телевизион ва дигар воситаҳои ахбори омма ҷавобҳои қаноатбахш дода шуд.