Маҳсулоттайёркунӣ

0
1448

Маҳсулоттайёркунӣ

Маҳсулоттайёркунӣ

Бахши маҳсулоттайёркунии коператсияи матлубот фаъолияти худро ба ташкили захираҳо нигаронида, ҳадафи он баҳри то ҳадди имкон ба эътидол овардани нархи маводу маҳсулоти мавриди ниёзи мардум дар бозорҳои ҷумҳурӣ мебошад. Бинобар ин, кормандони бахши маҳсулоттайёркунии соҳа ҳамасола баҳри захираи ҳарчи бештари маҳсулоти мавриди ниёзи мардум, бахусус маҳсулоти хоҷагии қишлоқ бо хоҷагиҳои деҳқонӣ, аҳолӣ ва дигар истеҳсолкунандагони маҳсулот оид ба парвариш намудану ба соҳаи кооператсия супоридани маҳсулот бо нархи муайян шартномаҳо мебанданд. Дар натиҷа қариб 20 навъи маҳсулоти хоҷагии қишлоқ харидорӣ мегардад. Ҳаҷми захираи маҳсулоти хоҷагии қишлоқ дар тайи сол зиёда аз 3000 тоннаро ташкил медиҳад. Инчунин барои таъмини аҳолӣ бо сузишворӣ зиёда аз 15 ҳазор тонна ангишт захира карда мешавад. 

Маҳсулоттайёркунӣ

Бо мақсади беҳтар намудани таъмини аҳолии шаҳру ноҳияҳо, шаҳракҳо ва ғайра бо маҳсулоти хоҷагии қишлоқ дар соҳа 32 идораи худмаблағгузори маҳсулоттайёркунӣ таъсис дода шудааст.