Маориф ва омода сохтани кадрҳо

0
2999

     Иттифоқи Тоҷикматлубот муассиси  Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон ва Донишкадаи иктисод ва савдои ДДТТ дар шаҳри Хуҷанд мебошад. Тавассути муассисаҳои таҳсилоти олии касбии соҳа мутахассисони дар бозори ҷаҳонии меҳнат рақобатпазир, дорои донишҳои касбии иқтисодиву ҳуқуқи  тайер карда шуда, такмили ихтисоси касбии кормандони соҳа  амалӣ мешавад. Тайёр намудани мутахассисон дар панҷ факултаи Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон (Умури бонкӣ, Иқтисодиёт ва менеҷмент, Муносибатҳои иқтисодии байналмилалӣ ва ҳуқуқ, Тиҷорат ва гумрук ва факултаи ғоибона) ва се факултаи  Донишкадаи иқтисод ва савдои он дар шаҳри Хуҷанд (Иқтисодиёт ва технологияҳои инноватсионӣ, Молия ва баҳисобгирии бухгалтерӣ, тиҷорат, фаъолияти гумрукӣ ва ҳуқуқ) аз рўи 13 ихтисос ба роҳ монда шудааст. Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон ва Донишкадаи иқтисод ва савдои он дар шаҳри Хуҷанд бо Донишгоҳои бонуфузи мамоликҳои ИДМ ва хориҷи дур ва бо созмонҳои байналмилалии ба монанди фондҳои «Сорос»,«Евразия»,«ЮСАИД», корпоратсияҳои «ПРАГМА», «КАРАНА»,  барномаҳои Эрасмус Мундус, «ТЕМПУС»-и Иттиҳоди АВРУПО ва ғайра ҳамкорӣ доранд. Инчунин, дар назди Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон Литсей фаъолият менамояд. Маълумоти муфассалро оид ба ДДТТ ва ДИС-и шаҳри Хуҷанд тавассути сомонахои www.tguk.tj   ва  www.iet.tj  дастрас намудан мумкин аст.