Хоҷагиҳои ёрирарос

0
3167

Иттифоқи Тоҷикматлубот дар сохтори худ хоҷагиҳои ёрирасон низ дорад, ки дар ихтиёри худ 314 гектар боғу токзор дошта, аз ин 49,5 гектар боғ ва 264,5 гектар ангурзорҳои ҳосилдиҳанда мебошанд. Ҳамасола ба ҳисоби миёна аз ин боғу токзорҳо зиёда аз 450 тонна ангур ва беш аз 110 тонна мева ҳосил гирифта мешавад. 

Бо мақсади самаранок истифода бурдани заминҳои лалмӣ ҳар сол тақрибан 10-15 гектар боғу токзорҳои нав бунёд мегардад. 

Дар соҳа чорводорӣ низ ба роҳ монда шудааст. Айни замон дар хоҷагиҳои ёрирасон 167 сар чорвои калони шохдор, 1066 сар моли майда, 938 оила замбӯри асал парвариш меёбанд.

Хоҷагиҳои ёрирасони Иттифоқи Тоҷикматлубот дар тайи соли хоҷагии 2015 ба маблағи 2165 ҳ. сомонӣ маҳсулоти хоҷагии қишлоқ истеҳсол намудаанд. 

Айни замон 3 хоҷагии махсуси ёрирасон ҶДММ Хоҷагии ёрирасони «Ширкент», ноҳияи Турсунзода, ҶДММ Хоҷагии ёрирасони «Ҳисор», ноҳияи Рӯдакӣ ва хоҷагии замбӯри асалпарварии «Сағирдашт» дар тобеияти Иттифоқи Тоҷикматлубот мебошанд.