Роҳбарияти Раёсати Иттифоқи Тоҷикматлубот

0
4767

Идиев Ҳусайн Сафаралиевич

Раиси Раёсати Иттифоқи Тоҷикматлубот

      4 октябри соли 1964 дар ноҳияи Восеъ вилояти Хатлон таваллуд шудааст.
Миллат – тоҷик, маълумот олӣ – соли 1991 Институти давлатии педагогии Душанбе ба номи Т.Г.Шевченко аз рўи ихтисоси меҳнат, фанҳои умумитехникӣ ва интихоби касб ва соли 2004 Донишгоҳи давлатии миллии Тоҷикистон – молия ва қарзро хатм кардааст

Солҳои 1985-1986- Челонгари гурўҳи 3 Колоннаи сайёри механиконидашудаи
31 (ПМК)-и трести «Кулябводстрой»

Солҳои 1986-1991- Донишҷўи Институти давлатии педагогии Душанбе ба номи Т.Г.Шевченко

Солҳои 1991-1992- Устои ЖЭУ-1-и ноҳияи Роҳи Оҳани шаҳри Душанбе
Солҳои 1992-1999- Барандаи моли гурўҳи 4, сардори сехи базаи маҳсулоти нафт, ҷонишини директор оид ба масъалаҳои тиҷоратии ҶСШК «Нафтрасон», шаҳри Душанбе

Солҳои 1999-2003- Сардори шуъба, ҷонишини сардори Идораи қарздиҳӣ ва маблағгузории фаъолияти иқтисодии берунӣ, ҷонишини директор, директори Департаменти фаъолияти иқтисодии берунӣ, муовини раиси ҶСК «Ориёнбонк»-и шаҳри Душанбе
Солҳои 2003-2007- Директори ҶСК «Ориёнбонк» дар ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе
Солҳои 2007-2012- Директори филиали ҶСК «Ориёнбонк» дар шаҳри Хуҷанд
Солҳои 2012-2014- Директори Агентии хариди давлатии мол, кор ва хизматрасонии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе
Аз декабри соли 2014 Раиси Раёсати Иттифоқи Тоҷикматлубот, шаҳри Душанбе

Донандаи забонҳои тоҷики ва русӣ

Оиладор соҳиби 6 фарзанд


Раҳмонализода Хуршед Раҳмоналӣ

Муовини раиси Раёсати Иттифоқи Тоҷикматлубот

Роҳбарияти Раёсати Иттифоқи Тоҷикматлубот

30 октябри соли 1965 дар ноҳияи Данғараи вилояти Хатлон таваллуд шудааст.
Миллат – тоҷик, маълумот – олӣ, соли 1990 Донишгоҳи хоҷагии қишлоқи шаҳри Краснодар бо ихтисоси агроном ва соли 2000 Донишгоҳи давлатии миллии Тоҷикистонро бо ихтисоси молия ва қарз хатм кардааст

Солҳои 1982-1983- Дуредгари Корхонаи сайёри механиконидашудаи трести Промстройи шаҳри Душанбе
Солҳои 1983-1990- Донишҷўи Донишгоҳи хоҷагии қишлоқи шаҳри Краснодар
Солҳои 1984-1986- Дар хизмати ҳарбӣ
Солҳои 1990-1991- Агроном-агрохимики стансияи химиякунонии вилояти Хатлон
Солҳои 1991-1994- Молшинос, сариқтисодчии ОО «Сортсемовощ»-и шаҳри Қурғонтеппа
Солҳои 1994-1994- Сармуҳосиби ТССО «Анис»-и шаҳри Қурғонтеппа
Солҳои 1994-2003- Иқтисодчии шуъбаи қарздиҳӣ, сариқтисодчӣ, мудири шуъбаи таҳияи иқтисодӣ, иқтисодчии шўъбаи баҳисобгирӣ ва ҳисобот, муовини сармуҳосиби филиали «Ориёнбонк»-и шаҳри Қурғонтеппа
Солҳои 2003-2006- Муовини раиси шаҳри Қӯрғонтеппа
Солҳои 2006-2010- И.в.муовини раиси Раёсат, муовини раиси Раёсати Иттифоқи Тоҷикматлубот, шаҳри Душанбе
Солҳои 2010-2012- Иҷрокунандаи вазифаи раиси Раёсат, раиси Раёсати Иттифоқи ҷамъиятҳои матлуботи вилояти Хатлон, шаҳри Қурғонтеппа

Аз майи соли 2012 то ҳоло – Иҷрокунандаи вазифаи муовини раиси Раёсат, муовини раиси Раёсати Иттифоқи Тоҷикматлубот, шаҳри Душанбе

Донандаи забонҳои тоҷикӣ ва русӣ

Оиладор соҳиби 3 фарзанд