Бозорҳо

0
2092

             Шумораи бозорҳои соҳа 64 ададро ташкил медиҳанд. Аз ҷумла: Бозорҳои ҳаррӯза – 34 адад, бозорҳои дар як ҳафта як рӯз фаъолиятдошта – 20-адад, бозорҳои чорво – 10-адад. Дар бозорҳо 18100 ҷойҳои нишаст мавҷуд мебошад. Бозорҳои кооператсияи матлубот вақтҳои охир ба марказҳои азими савдо табдил ёфтаанд, ки дар онҳо на танҳо маҳсулоти хӯрокворӣ, балки тамоми анвои молу маҳсулот, аз ҷумла маҳсулоти саноатиро бо навъҳои зиёди гуногун дастарс намудан мумкин аст.

            Дар бозорҳои соҳа ташхисгоҳҳои санҷиши ветеринариву санитарии маҳсулот мавҷуд буда, барои кормандони соҳаи «Тоҷикстандарт» шароити махсус муҳайё карда шудааст.

          Бозорҳои нисбатан калон дар шаҳрҳо ва марказҳои сераҳолии кишвар, аз ҷумла дар Кӯлоб, Восеъ, Балxувон, Турсунзода, Истаравшан, Ваҳдат ва ғайра пайваста фаъолият доранд.

Бозорҳо