Ҳакимзода дар Бохтар дарахтони аврупоӣ шинонд-видео

0
276

Ҳакимзода дар Бохтар дарахтони аврупоӣ шинонд-видео

Қурбон Ҳакимзода, раиси вилояти Хатлон, дар гулгашти майдони “70-солагии водии Вахш”-и шаҳри Бохтар дарахтони нодири ороишӣ, ки аз Аврупо оварда шудаанд, шинонд

ДУШАНБЕ, 19 фев — Sputnik. Бо иштироки раиси вилоят 15 намуди дарахтони ороишӣ, аз ҷумла лев, прупус, пикардӣ, канзан ва дигар номгӯи дарахтони ороишӣ, ки ҳудудан аз 15 то 22-солаанд, шинонида шуданд, хабар дод Носирҷон Маъмурзода, сардори Шуъбаи иттилоотию таҳлилии дастгоҳи раиси вилоят.

Манбаъ афзуд, беш аз 500 бех дарахтони нодир аз Италия ва Олмон ба Хатлон оварда шуда, бо тавсияи ниҳолпарварони хориҷӣ шинонида мешаванд.

“Мутахассисон аз Италия муҳити Ватани моро ҷиҳати камолёбии ин дарахтони бисёрсола муфид арзёбӣ карда, табиати Хатлонро ба иёлати Калифорнияи ИМА мушобеҳ донистанд. Воқеан ҳам, майдони “70-солагии водии Вахш” ва гулгашти назди Нишони давлатӣ бо дастгирии раиси вилоят ободу зебо шуда истодааст”, – изҳор дошт Маъмурзода.

 Ӯ афзуд, дар назар аст, ки ин гулгашт ва майдони Нишони давлатӣ дар арафаи таҷлили ҷашни Наврӯз расман мавриди баҳрабардорӣ қарор бигирад.

Раиси вилоят Қурбон Ҳакимзода ба масъулини шаҳри Бохтар, роҳбарони корхонаҳои кабудизоркунӣ ва хоҷагии манзилию коммуналии шаҳр дастур дод, ки дар доираи иҷрои корҳои ободонӣ ва кабудизоркунӣ ба сабзиши онҳо низ диққати ҷиддӣ равона созанд.

Источник: sputnik-tj.com