16-ноябр – Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

0
8988

Бахшида ба Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон – 16 ноябр дар Иттифоқи Тоҷикматлубот санаи 15-ноябр маҷлиси тантанавии коллективи меҳнатӣ баргузор гардид. Муовини раиси Раёсати Иттифоқи Тоҷикматлубот Раҳмонализода Хуршед Раҳмоналӣ оид ба хизматҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба диққати ҳозирин маърӯза намуда, кормандонро ба ин муносибат табрик ва муборакбод намуд. Оид ба фаъолиятҳои Пешвои миллат ва рушду суботи давлат, сардори бахши кор бо кадрҳо Хайруллоева Ш.С. ба таври мухтасар баромад намуд. Дар музокира аъзоёни Раёсат Холиёрзода Б.Х., Ҳакимов З.А., кормандони масъул Наврӯзова А.А., Кулулов А. иштирок ва суханронӣ намуданд.  

 Дар маърӯза ва суханрониҳо хизматҳои Пешвои миллат дар эъмори давлати тоҷикон ташаккули давлатдории нав, корнамоиҳои беназирашон дар истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ, демократикунонии ҷомеа, таъмини тамомияти арзӣ, рушд ва пойдории давлат, ноил шудан ба дастовардҳои азими ҷумҳурӣ дар даврони соҳибистиқлолӣ, сохтмони бинову иншоотҳои замонавӣ ва ба куллӣ таѓйир ёфтани симои шаҳру ноҳияҳои мамлакат, болоравии иқтисоди миллӣ,  фаъолиятҳо дар сиёсати хориҷӣ, афзудани обрӯю нуфузи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар арсаи байналмилалӣ, арҷгузорӣ ба фарҳанг ва илму адаби ниёгон, бузургдошти адибон, нависандагон ва олимони гузаштаи тоҷик ва дигар корномаҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон маълумотҳои муфид дода шуд.

Маҷлиси коллективи меҳнатии коркунони дастгоҳи идоравии Раёсати Иттифоқи Тоҷикматлубот қарор намуд, ки кормандони кооператсияи матлубот ҳамасола Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон – 16 ноябрро садоқатмандона ва бо туҳфаҳои арзандаи меҳнатӣ истиқбол гиранд.