Шифо ёфтанд? шумораи мӯътодони нашъа дар Тоҷикистон коҳиш ёфт

0
237

Шифо ёфтанд? шумораи мӯътодони нашъа дар Тоҷикистон коҳиш ёфт

Дар Тоҷикистон гирифторони бемории нашъамандӣ камтар шудаанд. Аммо баръакс дар кишвар мусодираи мухаддироти синтетикӣ ба авҷи худ расид

ДУШАНБЕ, 19 фев — Sputnik. Соли гузашта дар Тоҷикистон шумори вобастагон ба мухаддирот то 5 ҳазору 375 тан коҳиш ёфтааст.

Бино ба иттилои Агентии мубориза бо маводди мухаддироти Тоҷикистон, шумори мӯътодон дар муқойиса бо соли 2018 3,2 нафар коҳиш ёфт.

Ҳамчунин, ҳаҷми забти маводди мухаддир дар Осиёи Марказӣ ва Русия 6 баробар рӯ ба коҳиш овардааст.

Дар зимн, дар Тоҷикистон мусодира ё забти мухаддироти синтетикӣ ба авҷи худ расид. Соли гузашта дар сартосари кишвар 15 ҳазору 880 дона қурси равонгардон ва 7 ҳазору 555 қурси синтетикӣ, аз ҷумла, МДМА, алпразолам, фенобарбитал, амфетамин ва ғайра забт шуд.

Моддаи равонгардон дар Тоҷикистон бори нахуст соли 2006 забт шуда буд ва он ҳам як дона буд.

Баъд аз ин кашфу забти мухаддироти синтетикӣ дар кишвар одатӣ шуд.

Дар ҳамин ҳол, агентӣ тавзеҳ намедиҳад, ки шумори беморони нашъамандӣ аз кадом ҳисоб камтар шудааст. Шифо ёфтан ё дар пайи ин беморӣ талаф шуданашон маълум нест.

Источник: sputnik-tj.com