Дар Душанбе доир ба содагардонии расмиёти савдо Созишномаи дорои аҳамияти минтақавӣ ба имзо расид

0
267

Дар Душанбе доир ба содагардонии расмиёти савдо Созишномаи дорои аҳамияти минтақавӣ ба имзо расид

ДУШАНБЕ, 19.02.2029. /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз, 19 феврали соли 2020 дар шаҳри Душанбе байни Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ташкилоти германӣ оид ба ҳамкории байналмилалӣ (GIZ) доир ба содагардонии расмиёти савдо ба маблағи умумии 7,0 млн. евро Созишномаи дорои аҳамияти минтақавӣ ба имзо расид.

Тавре аз маркази матбуоти Вазорати рушди иқтисод ва савдо ба хабарнигори АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд, Созишномаро Вазири рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Директори Ташкилоти германӣ оид ба ҳамкории байналмилалӣ (GIZ) ба имзо расониданд.

Созишномаи мазкур дар доираи Созишномаи байни Ҳукумати Ҷумҳурии Федеративии Германия ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба ҳамкории техникӣ, ки 27 марти соли 2003 дар шаҳри Берлини Ҷумҳурии Федеративии Германия имзо шуда буд, ба тасвиб расид.

Созишнома бо мақсади содагардонии расмиёти савдо ва транзит, такмили низоми идораи хавфҳо дар сарҳад, чорабиниҳои озмоишӣ-инноватсионӣ доир ба содагардонии расмиёти савдо, инчунин иштироки бахши хусусӣ дар раванди қабул намудани қарорҳо вобаста ба содагардонии расмиёти савдо равона гардид. Он аҳамияти минтақавӣ дошта, 4 кишвари Осиёи Миёна- Тоҷикистон, Ӯзбекистон, Қирғизистон ва Қазоқистонро дар бар мегирад.

Оғози татбиқи лоиҳа оид ба содагардонии расмиёти савдо дар Тоҷикистон пас аз ба имзорасонии Созишнома байни Вазорати рушди иқисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ташкилоти германӣ оид ба ҳамкории байналмилалӣ (GIZ) барои 3 сол, яъне солҳои 2020-2023 татбиқ мегардад.

Источник: khovar.tj