Баҳри рушди муносибатҳои тиҷоратӣ дар сохтори Иттифоқи Тоҷикматлубот Корхонаи тиҷорати хориҷии «Коопвнешторг»-и Иттифоқи Тоҷикматлубот фаъолият мекунад. Мақсад аз ташкили корхонаи мазкур пайдо намудани шарикони ҳамкори боваринок, содирот ва воридоти молу маҳсулот мебошад. Номгӯи молу маҳсулоти воридотиро маҳсулоти хӯрокворӣ аз қабили орд, равған, шакар, биринҷ, маҳсулотҳои қаннодӣ, ярма ва ғайра, инчунин молҳои саноатӣ ташкил менамоянд.
Молу маҳсулоти содиротӣ аз ҳама намуди маҳсулоти кишоварзӣ, аз ҷумла: полезиҳо, мевагиҳо, асал, пашму пӯст ва ғайра иборат мебошанд. Сифати маҳсулоти содиротии моро истеъмолкунандагону муштариёнамон аз Федератсияи Россия, ҷумҳуриҳои Ӯзбекистон, Қазоқистон, Қирғизистон, ҷумҳуриҳои исломии Афғонистон, Покистон ва Ҷумҳурии Халқии Хитой хуб баҳо додаанд. Дар ҳолате ки дар ҷустуҷӯи молистеҳсолкунандагони боэътимод душвориҳо мавҷуд аст, мо сифати маҳсулот ва интиқоли пурраи молро кафолат медиҳем.
Итминони комил дорем, ки маҳсулоти мо харидорони навро барои Шумо, муштариёни муҳтарам, ҷалб мекунад ва аз он Шумо нафъи зиёде хоҳед дид. Барои ҳарчи зудтар ва маълумоти боэътимод дастрас намудан бо почтаи электронии koopvneshtorg@mail.ruмукотиба кардан мумкин аст.
Маълумоти дақиқу иловагиро тавассути тел/факс +99237-221-00-35 ва тел: +99237-244-88-69 низ гирифта метавонед.