Ҳашар дар Тоҷикматлубот

0
17

Чуноне иттилоъ дода будем, тибқи қарори Раёсати Иттифоқи Тоҷикматлубот ва дар мувофиқа бо мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ дар шаҳри Душанбе симои бинои Иттифоқи Тоҷикматлубот куллан дигаргун мешавад. Аз семоҳаи сеюми соли сипаришуда корҳои сохтмону ободонӣ оғоз гардида, заминҳои гирду атроф ва фаввораҳо ҳамвор карда шуданд. Дар саҳни ҳавлӣ ду адад фаввораи замонавӣ сохта, дарахтони сояафкан ва гулу гулбуттаҳои ороишӣ аз нав шинонида шуда, кабудизоркунӣ мутобиқ ба талаботи муосир амалӣ карда мешавад. 

Санаи 10-уми феврал кормандони дастгоҳи идоравии Иттифоқи Тоҷикматлубот ба ҳашар баромада, дар ниҳолшинонӣ ва сабзу хуррам гардонидани заминҳои назди бинои маъмурии худ саҳми тоза гузоштанд. Ниҳоли дарахтони шоҳбулут (каштан) ва фатуния ба табиати гирду атроф ҳусни тоза бахшид.