Вохӯрии панҷуми машваратии сарони давлатҳои Осиёи Марказӣ

0
59

14 сентябр дар пойтахти Тоҷикистон – шаҳри Душанбе Вохӯрии панҷуми машваратии сарони давлатҳои Осиёи Марказӣ ба кори худ оғоз кард.

Ҳамоиши сатҳи баланд дар бинои Қасри миллат баргузор шуд.

Сарони давлатҳои иштирокчӣ ва меҳмонони чорабиниро Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон самимона истиқбол гирифтанд.

Дар Вохӯрии панҷуми машваратии сарони давлатҳои Осиёи Марказӣ Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, Президенти Ҷумҳурии Қазоқистон Қосим-Жомарт Токаев, Президенти Ҷумҳурии Қирғизистон Садир Жапаров, Президенти Туркманистон Сердар Бердимухаммедов, Президенти Ҷумҳурии Узбекистон Шавкат Мирзиёев ва меҳмони фахрӣ – Президенти Ҷумҳурии Озарбойҷон Илҳом Алиев, иштирок карданд.

Сарони давлатҳо масъалаҳои мубрами таҳкими ҳамкории кишварҳои Осиёи Марказиро дар самти вокуниши муштарак ба хатару таҳдидҳо ба амнияти минтақа, дурнамои тавсеаи ҳамкории минтақавӣ барои таъмини рушди устувори иқтисодии кишварҳои минтақа, иқтидори муносибатҳои ҳусни ҳамҷаворӣ ва дӯстона дар раванди рушди минбаъдаи фазои фарҳангӣ ва гуманитарии минтақа баррасӣ намуданд.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нахуст ҳамаи иштирокчиёни Вохӯрӣ – Сарони давлатҳои Осиёи Марказӣ ва дигар  меҳмононро ба Тоҷикистон хайрамақдам гуфтанд.

Таъкид гардид, ки ба шарофати кӯшишҳои муштараки мо Осиёи Марказӣ пайваста ва дилпурона ба минтақаи ҳамкории мутақобилан судманд табдил меёбад. Ва аз ҳама муҳим он аст, ки халқҳои мо аз самараи ин кӯшишҳо баҳравар мегарданд.

Асоси вохӯриҳои машваратии моро муҳокимаи боварибахш, ошкоро, созанда, инчунин ҳалли мувофиқашудаи мушкилоти умумии минтақа ташкил медиҳад.

Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иброз доштанд, ки давоми панҷ соли сипаришуда давлатҳои минтақа ба ҷомеаи ҷаҳонӣ даҳҳо ташаббус пешниҳод намуданд, ки ба таҳкими сулҳ ва таъмини рушди устувор нигаронида шудаанд. Ҳамаи ин аз бебозгаштии раванди табдили Осиёи Миёна ба минтақаи устувор, аз ҷиҳати иқтисодӣ тараққикарда ва дар ояндаи наздик хеле шукуфон шаҳодат медиҳад.

Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо итминон иброз доштанд, ки вохӯрии ҷашнии машваратии имрӯза боз як тасдиқи иродаи қавии сиёсии кишварҳо барои таҳкими ҳамаҷонибаи ҳамкории байнидавлатӣ ба манфиати халқҳои бародар хоҳад буд.

Тоҷикистон бо дастгирии давлатҳои минтақа дар остона ва дар доираи мулоқоти машваратӣ ташаббускори баргузории як силсила чорабиниҳои рӯзмарра гардид.

Дар рафти омодагӣ ба вохӯрии навбатӣ қариб панҷоҳ чорабинӣ доир гардид.

Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид намуданд, ки ҳадаф аз баргузор кардани ин чорабиниҳо – дар Осиёи Марказӣ мустаҳкам намудани муҳити нави боварӣ, дӯстӣ ва ҳамкорӣ мебошад.

Вабаста ба вазъи имрӯзаи сиёсии ҷаҳон Сарвари давлат таъкид намуданд, ки бо дарназардошти буҳрони низоми амнияти байналмилалӣ ва афзоиши имконияти сар задани муноқишаҳо масъалаҳои таъмини суботи минтақаӣ дар маркази таваҷҷуҳи доимии мо қарор доранд.

Таҳдиди терроризму экстремизми байналмилалӣ, гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир, ҷиноятҳои муташаккили фаромарзӣ ва киберӣ коҳиш намеёбад.

Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид намуданд, ки дар чунин шароит мо бояд якҷо ва дар ҳамдастӣ кор намоем.

“Мо бояд ҳамеша дар хотир дошта бошем, ки омили бехатарӣ шарти муҳимтарини бомуваффақият ба амал баровардани нақшаву иқдомҳои созандаи мо аст”, – изҳор доштанд Президенти мамлакат.

Зимни суханронӣ Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таваҷҷуҳи сарони давлатҳои Осиёи Марказиро ба масъалаҳои ҳамкории сиёсӣ баҳри густариши минбаъдаи ҳамкории тиҷоратию иқтисодӣ, таҳияи барномаҳои алоҳидаи ҳамкорӣ дар соҳаҳои кишоварзӣ, саноат ва ҷорӣ намудани фаъолонаи технологияҳои нав, амалисозии лоиҳаҳои бузурги нақлиёт ва инфрасохтор, истифодаи самараноки захираҳои гидроэнергетикӣ, рушди ҳамкорӣ дар соҳаҳои фарҳангиву гуманитарӣ, барои таъмини амният дар фазои иттилоотии Осиёи Марказӣ таъсис додани Ассотсиатсияи воситаҳои ахбори оммаи давлатҳои Осиёи Марказӣ ва дигар масъалаҳои мубрам ҷалб намуданд.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ҳамаи сарони давлатҳо барои дастгирии кӯшишҳои Тоҷикистон изҳор сипос намуда, ба Президенти Ҷумҳурии Қазоқистон дар бораи баргузор кардани Вохӯрии навбатии шашуми машваратӣ дар Ҷумҳурии Қазоқистон барору комёбӣ орзу карданд.

Баъди суханронии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Вохӯрии панҷуми машваратии сарони давлатҳои Осиёи Марказӣ Президенти Ҷумҳурии Қазоқистон Қосим-Жомарт Токаев, Президенти Ҷумҳурии Қирғизистон Садир Жапаров, Президенти Туркманистон Сердар Бердимухаммедов, Президенти Ҷумҳурии Узбекистон Шавкат Мирзиёев, Президенти Ҷумҳурии Озарбойҷон Илҳом Алиев суханронӣ карда, ба ҷониби Тоҷикистон ва ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати дар сатҳи баланди ташкилӣ доир кардани ҳамоиш ва натиҷаҳои кори кишвари мо дар давраи раёсат баҳои баланд дода, барои меҳмоннавозии гарму самимӣ изҳори сипос карданд.

Баъди баромади Сарони давлатҳои Осиёи Марказӣ дар Вохӯрии панҷуми машваратии сарони давлатҳои Осиёи Марказӣ Дибири кулли Созмони Милали Муттаҳид Антониу Гутерриш бо навори видеоӣ муроҷиат кард.

Дар кори ҳамоиш аз ҷониби Сарони давлатҳо Изҳороти муштарак аз натиҷаҳои Вохӯрии панҷуми машваратии сарони давлатҳои Осиёи Марказӣ ба имзо расид.

Ҳамчунин бо қарори сарони давлатҳои Осиёи Марказӣ Пешвои миллии мардуми Туркманистон, Раиси Халқ Маслахати Туркманистон муҳтарам Гурбангулӣ Бердимуҳамедов бо “Нишони фахрии сарони давлатҳои Осиёи Марказӣ” сарфароз гардонида шуданд.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон кори Вохӯрии панҷуми машваратии сарони давлатҳои Осиёи Марказиро ҷамъбаст намуда, бори дигар иштирокчиёни ин ҳамоиши сатҳи баландро ба Тоҷикистон хайрамақдам гуфтанд.

Дар ҳошияи кори Вохӯрии панҷуми машваратии сарони давлатҳои Осиёи Марказӣ вазирони корҳои хориҷии давлатҳои Осиёи Марказӣ 2 санади навро имзо карданд:

– Созишнома оид ба таҳкими ҳамбастагии нақлиёти заминӣ дар Осиёи Марказӣ,

– Созишнома байни Ҷумҳурии Қазоқистон, Ҷумҳурии Қирғизистон, Ҷумҳурии Тоҷикистон, Туркманистон ва Ҷумҳурии Узбекистон оид ба самтҳои умумии сиёсати ҷавонон.

Дар толори Китобхонаи миллии Тоҷикистон вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин аз руи натиҷаҳои кори Вохӯрии панҷуми машваратии сарони давлатҳои Осиёи Марказӣ барои доираи васеи хабарнигорони дохилу хориҷ бо изҳорот баромад карданд.

Источник: president.tj