1000 гектар замин дар ноҳияи Балҷувон обёрӣ мегардад

0
1





1000 гектар замин дар ноҳияи Балҷувон обёрӣ мегардад

ДУШАНБЕ, 17.02.2024. /АМИТ «Ховар»/. 1000 гектар замин дар мавзеъҳои Сўфиамон, Сафедчашмаи деҳоти Тоҷикистон ва Чорчашмаи деҳоти ба номи Сайф Раҳими ноҳияи Балҷувон бо об таъмин мешавад, хабар медиҳад АМИТ «Ховар».

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Агенти беҳдошти замин ва обёрӣ, вазоратҳои молия, кишоварзӣ, Академияи илмҳои кишоварзӣ, Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлонро ҷиҳати амалӣ гаштани ин тадбир вазифадор намудааст.

Ҳамчунин Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон, шаҳри Левакант дар якҷоягӣ бо идораҳои дахлдор муваззаф гардидаанд, ки насосҳои обкашии Оқ-газа-4-ро барқарор намуда, қубурҳои обгузари партовгоҳи шаҳри Левакантро дар давоми солҳои 2024-2026 аз таъмири асосӣ бароранд.

Ҳамчунин ҷиҳати аз таъмири асосӣ баровардани пойгоҳҳои обкашии Файзободқалъа №№ 0, 1,2, 3, Бойтудашт 1, 2, Навбаҳор ва Сарҳадчӣ 0, 1, 5, 6, 7 дар ноҳияи Панҷ, бо оби нўшоки таъмин намудани маркази ноҳия, деҳоти Ватан, Хуросон ва Истиқлоли ноҳияи Фархор дар давоми солҳои 2024-2026 масъулин бояд тадбирҳои муассир андешанд.

Рухсораи НУР,
АМИТ «Ховар»

АКС аз манбаъҳои боз



Source link