«Рушди сайёҳии экологӣ, агросаноатӣ ва шикор омили ҷалби бештари сайёҳон ба Тоҷикистон мебошад», — бардошт аз машғулият дар Душанбе

0
1





«Рушди сайёҳии экологӣ, агросаноатӣ ва шикор омили ҷалби бештари сайёҳон ба Тоҷикистон мебошад», — бардошт аз машғулият дар Душанбе

ДУШАНБЕ, 19.02.2024 /АМИТ «Ховар»/. Дар шаҳри Душанбе машғулияти омӯзишӣ дар мавзуи «Рушди сайёҳии экологӣ, агросаноатӣ ва шикор дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ва 15 хатсайри маъмул» баргузор гардид. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Кумитаи рушди сайёҳӣ хабар медиҳад.

Таъкид гардид, ки самти сайёҳӣ дар мадди таваҷҷуҳи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор дошта, дар ин замина бо мақсади бунёд ва тавсеаи инфрасохтори соҳа, муаррифии имконият ва захираҳои сайёҳии мамлакат ба оламиён тадбирҳои зарурӣ ва саривақтӣ андешида мешавад.

Дар машғулият масъалаҳои вобаста ба экосаёҳат, агросаёҳат ва шикор, дурнамо ва имконияти нави сайёҳӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ташкили инфрасохтори сайёҳӣ мавриди баррасӣ қарор гирифт.

Инчунин 15 хатсайри экосайёҳӣ, агросайёҳӣ ва шикор дар Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади мусоидат намудан ба рушди устувори саёҳати табиӣ ва ҳифзи гуногуни биологию мероси фарҳангӣ муаррифӣ гардид.

АКС: Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон



Source link