Дар шаҳри Душанбе Фестивали афсарону сарбозон баргузор мешавад

0
1





Дар шаҳри Душанбе Фестивали афсарону сарбозон баргузор мешавад

ДУШАНБЕ, 19.02.2024 /АМИТ «Ховар»/. Дар Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе бо мақсади таҷлили Рӯзи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дар заминаи он баргузор намудани чорумин Фестивали афсарону сарбозон таҳти унвони «Барои миллату давлатам содиқона хизмат мекунам» ҷаласаи гурӯҳи корӣ доир гардид. Дар ин хусус ба АМИТ “Ховар” дар шуъбаи иттилооти дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе хабар доданд.

Дар ҷаласа намояндагони масъули вазорату идораҳои қудратӣ, роҳбарияти қисмҳои ҳарбии ҳудуди шаҳри Душанбе, комисариати ҳарбии шаҳр ва ноҳияҳо, сохторҳои соҳаи маориф, тандурустӣ, кор бо ҷавонон ва варзиш, кор бо занон ва оила, муовинони раисони ноҳияҳои пойтахт иштирок намуданд.

Дар ҷаласа дар робита ба иҷрои дастуру супоришҳо ва қарорҳои дахлдори Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ вобаста ба баргузор намудани Фестивали афсарону сарбозон ва дигар чорабиниҳо бахшида ба Рузи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон вазифаҳо гузошта шуд.

Дар идома Раёсати кор бо ҷавонон ва варзиши шаҳри Душанбе ҳамчун ҳамоҳангсозӣ чорабинӣ вазифадор гардид, ки чиҳати назорат ва баргузории чорабиниҳои маърифативу фархангӣ ва варзишии дохилифестивал чораҷӯӣ намуда, бо сохторҳои ҷумҳуриявӣ ҳамкории муштарак намояд.

АКС: шуъбаи иттилооти дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе



Source link