Нишасти матбуотӣ дар Иттифоқи Тоҷикматлубот

0
701

Раёсати Иттифоқи Тоҷикматлубот фаъолияти худро дар  натиҷаи татбиқи тадбирҳое, ки аз Паёми Президенти  Ҷумҳурии  Тоҷикистон  аз 26 декабри соли 2019 “Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилию хориҷии ҷумҳурӣ” бармеоянд, инчунин  дастуру супоришҳои Роҳбари давлат   оид  ба  рушди  иқтисоди ҷумҳурӣ, беҳтар намудани сатҳи  хизматрасонӣ  ба аҳолӣ, ҳарчӣ бештар захира кардани  маҳсулоти  кишоварзӣ,  мусоидат  нисбати пешгирии  болоравии  нарх  дар  бозори истеъмолӣ ва муҳайё  кардани  ҷойҳои  кори иловагии амалӣ сохта, дар ҳамаи соҳаҳои кооператсияи матлубот пешравӣ таъмин карда шуд.

Раёсати Иттифоқи Тоҷикматлубот нимсолаи якуми соли 2020-умро бо нишондодҳои зерин ҷамъбаст намуд:

Даромади умумии аз натиҷаи фаъолият бадастомада ба 44,7 млн. сомонӣ  расонида шуд. Аз ҷумла, аз ҳисоби ҷамъоварии пардохти доимии яквақта 4,9 млн. сомонӣ, аз ҳисоби хизмати пулакӣ 3,4 млн. сомонӣ, иҷорапулӣ 9,1 млн. сомонӣ ва аз дигар манбаҳо 27,3 млн. сомониро ташкил намуд.

Даромади умумӣ нисбати ҳамин давраи соли 2019 дар маҷмӯъ 4,3 млн. сомонӣ кам мебошад.

Ба буҷети давлат аз ҳама намуди манбаъҳо ба қадри 15,0 млн. сомонӣ андоз равона карда шуд. 

Имрӯз дар соҳаи кооператсияи матлуботи ҷумҳурӣ 1839 нафар кору фаъолият менамоянд. Аз шумораи умумии кормандон занҳо – 707 нафар (38%) ва ҷавонон 490 нафар (ё 27%)-ро ташкил менамоянд. Шумораи занони роҳбар дар соҳа 18 фоиз ва дар дастгоҳи Иттифоқи Тоҷикматлубот 25 фоизро ташкил медиҳад.

Раёсати Иттифоқи Тоҷикматлубот ва ташкилоту муассисаҳои тобеи он ҷиҳати мустаҳкам намудани робитаи байни роҳбарияти давлату Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ҷомеаи кишвар, ба ҳамаи рӯзномаву маҷаллаҳо барои соли 2020 обуна гардиданд.

Дар соҳа 4-адад сомонаи интернетӣ (веб-сайт), аз ҷумла дар дастгоҳи Раёсати Иттифоқи Тоҷикматлубот, Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон, Донишкадаи иқтисод ва савдои ДДТТ дар шаҳри Хуҷанд ва Литсейи назди ДДТТ кушода шуда, мавриди истифодаи кормандони соҳа ва аҳолӣ қарор дода шудаанд.

Ҷиҳати  иҷрои супориши Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба тайёрӣ ба давраи тирамоҳу зимистони солҳои 2020-2021, Ситоди  Раёсати Иттифоқи Тоҷикматлубот таъсис дода шуда, корхонаҳои коркарди маҳсулот, фурӯшгоҳҳо, муассисаҳои хӯроки умумӣ ва анборҳои соҳа таъмиру тармим карда шуда ба маъракаи дарпешистода омода карда мешаванд. Инчунин барои фаъолияти доимӣ дар фасли сармо таҷҳизот, зарфу қуттиҳо ва дигар асбобу анҷом омода ва муҳайё карда шуда, то 1 сентябри соли 2020 мувофиқи базаи моддию техникӣ ва имкониятҳои иқтисодию молиявии соҳа  муайян карда мешавад.

Дар соҳаи кооператсияи матлубот 3 адад сардхона фаъолият дорад. Аз ҷумла, дар шаҳри Исфара бо ғунҷоиши 350 тонна, дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров бо ғунҷоиши 250 тонна ва дар ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе бо ғунҷоиши 1500 тонна. Ҳамчунин  сохтмони боз як адад сардхона дар шаҳри Душанбе  бо ғунҷоиши 1000 тонна ба нақша гирифта шудааст. Қайд кардан зарур аст, ки дар шаҳри Душанбе 4 адад анборҳои нигоҳдории молу  маҳсулот дар масоҳати 3120 м2 бо ғунҷоиши 2000 тонна азнавсозӣ карда шуда, барои захираи маҳсулот омода мебошанд.

Мутобиқи  дастуру супоришҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар  ҳамкорӣ бо мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе аз 18 феврал то 24 майи соли ҷорӣ ярмаркаҳои доимоамалкунандаи фурӯши маҳсулоти кишоварзӣ бахшида ба Рӯзи Модар, Иди байналмилалии Наврӯз ва Моҳи Шарифи Рамазон ташкил карда шуд.

Низомномаҳои баргузории озмунҳои ҷумҳуриявии “Хӯришҳои миллӣ ва муосир”, нон ва маҳсулоти нонӣ таҳти унвони “Нон шудам, шоистаи ҳар хон шудам”, “Шириниҳои (десерти) миллӣ ва муосир”, фестивалҳои ҷумҳуриявии “Таомҳои миллӣ” ва “Оши палав” дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2020 аз ҷониби  Раёсати Иттифоқи Тоҷикматлубот таҳия ва  тасдиқ карда шуда, бо дастури Роҳбари Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон  аз 22 марти соли 2020 ба мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳои Суғду Хатлон, шаҳри Душанбе ва шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ барои иҷро фиристода шуданд.

Бинобар сабаби вазъияти баамаломада вобаста ба паҳншавии бемории сироятии коронавируси нави COVID-19 муҳлати баргузории озмун ва фестивалҳо пас аз ба эътидол омадани вазъи эпидемиологӣ муайян мегардад.

Оид ба бунёдкорӣ ва мустаҳкам кардани базаи моддию техникӣ, дар нимсолаи якуми соли ҷорӣ аз  маблағҳои соҳа дар сохтмону азнавсозии иншоотҳо 6,6 млн. сомонӣ  сарф карда шуд.

Бахшида ба ҷашни 30-солагии Истиқолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон тасмим гирифта шуд, ки 14 адад бино ва иншоотҳои соҳа таъмир, азнавсозӣ ва сохта ба истифода дода шавад. Аз шумораи мазкур, шаш адади онҳо алакай ба истифода дода шуд:

  • Таъмири Бозори марказии шаҳри Кӯлоб;
  • Сохтмони Бозори марказии ноҳияи Балҷувон;
  • Азнавсозии Тӯйхона ва Чойхона дар ноҳияи Мастчоҳ;
  • Сохтмони Соябонҳо дар шаҳри Панҷакент;
  • Сохтмони Соябонҳо дар Бозори ноҳияи Спитамен;
  • Таъмири чойхонаи “Чил-Чанор”-и ноҳияи Ховалинг.

Дар иншоотҳои зерин бошад, таъмиру сохтмону азнавсозӣ идома дорад:

  • Сохтмони Бозор ва “Маркази савдо” дар ноҳияи Шамсуддин Шоҳин;
  • Сохтмони “Маркази савдо ва хизматрасонӣ” дар ноҳияи Восеъ;
  • Азнавсозии Бозори марказии ноҳияи Муъминобод;
  • Азнавсозии Бозори марказии ноҳияи Ховалинг;
  • Сохтмони “Маркази савдо ва хизматрасонӣ” дар ноҳияи Қубодиён;
  • Сохтмони Бозор ва “Маркази савдо” дар ноҳияи Носири Хусрав;
  • Сохтмони Бозор дар ноҳияи Мастчоҳ;
  • Азнавсозии Бозори марказии ноҳияи Шаҳритуз.

Барои амалӣ намудани ҳадафҳои мазкур равона кардани 20 млн. сомонӣ аз ҳисоби маблағҳои соҳавӣ пешбинӣ карда шудааст.

Аз ҳисоби сохтмону ба истифода додани бинову иншоотҳо дар соҳа ҷойҳои нави корӣ муҳайё карда мешавад.

Дар асоси Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 18 марти соли 2020 ва дастуру супоришҳои Ҳукумати Ҷумҳурӣ оид ба пешгирӣ ва мубориза бар зидди эпидемияи коронавируси COVID-19 дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ситоди доимоамалкунандаи Иттифоқи Тоҷикматлубот таъсис дода шуд. Ҳар рӯз дар бозорҳо ва бинову иншоотҳои иттифоқу ҷамиъиятҳои матлубот, муассисаҳо ва корхонаву хоҷагиҳои соҳа  корҳои безараргардонӣ гузаронида шуда, аз натиҷааш ба Ситоди ҷумҳуриявӣ мунтазам ахборот пешниҳод карда мешавад.    

Дар муассисаҳои таълимии Иттифоқи Тоҷикматлубот – Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон, Донишкадаи иқтисод ва савдои шаҳри Хуҷанд ва Литсейи назди Донишгоҳ тамоми шароитҳо муҳайё карда шуда, барои иқтисодиёти ҷумҳурӣ мутахассисони зарурӣ тайёр карда мешавад.

Ба муносибати Иди байналмилалии Наврӯз ва дар Моҳи Шарифи Рамазон ба оилаҳои камбизоат, собиқадорони меҳнат, шахсони бепарастор ва дигар муассисаҳо дар маҷмӯъ ба маблағи 107 ҳазор сомонӣ кумакҳои хайрия расонида шуд.

Бояд зикр намуд, ки то охири соли ҷорӣ ҷиҳати таъмин намудани нишондиҳандаҳои асосии соҳаи кооператсияи матлубот ва бартараф намудани камбудиву норасоиҳое, ки дар давраи ҳисоботӣ ба вуҷуд омадаанд, чораҳои муассир дида мешавад.