Кушодашавии Бозори ноҳияи Балчувон

0
1003

Бозори ноҳияи Балҷувон пас аз азнавсозӣ ва таъмиру тармим рӯзи 03.10.2019 дар вазъияти тантанавӣ ба истифода дода шуд. Дар кушодашавии бозор раиси ноҳияи Балҷувон, муовини раиси Раёсати Иттифоқи Тоҷикматлубот, намояндагони воситаҳои ахбори омма ва дигар шахсони масъул иштирок доштанд.   

  Матобиқи қарори Раёсати Иттифоқи Тоҷикматлубот аз 14.11.2018, № 146 сохтмону азнавсозии бозор ба муносибати ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бояд дар давоми соли 2020 амалӣ карда мешуд.  Лекин дар натиҷаи чораҳои андешидаи Раёсати Иттифоқи Тоҷикматлубот ободонии бозор пеш аз муҳлат анҷом дода шуд.

Бозори ноҳияи Балҷувон масоҳати 1,16 гектарро дар бар гирифта, барои ободонии он аз ҳисоби маблағҳои соҳавӣ зиёда аз 4 (чор) млн. сомонӣ корҳои сохтмонӣ амалӣ карда шуд. Аз ҷумла

  • Соябон дар масоҳати 980 метри мураббаъ бо 160 ҷои нишасти бошароит;
  • Бетонпӯш кардани масоҳати замини бозор 6,0 ҳазор метри мураббаъ;
  • Аз нав сохта ба истифода додани бинои дуошёна дар даромадгоҳи бозор бо 33-адад нуқтаҳои нави савдо;
  • Пурра таъмиру азнавсозӣ намудани 51-адад нуқтаҳои мавҷудаи дохили бозор.

Дар азнавсозӣ ва ободонии бозори мазкур дар тули 1 сол зиёда аз 100 нафар коргарону мутахассисони маҳаллӣ фаъолият намуда, бо маоши хуб ва хӯрокаи гарм таъмин карда шуданд.

Пас аз таъмиру тармим ва азнавсозии Бозори ноҳияи Балҷувон ҳамагӣ 84 иншооти ҷавобгӯ ба талаботи ҳозира ва 160 ҷои нишасти бошароит  ба фаъолият дароварда шуд.