Намояндаи Тоҷикистон дар чорабинӣ оид ба маблағгузории миллӣ барои расидан ба Ҳадафҳои Рушди Устувор иштирок намуд

0
1





Намояндаи Тоҷикистон дар чорабинӣ оид ба маблағгузории миллӣ барои расидан ба Ҳадафҳои Рушди Устувор иштирок намуд

ДУШАНБЕ, 28.03.2024 /АМИТ «Ховар»/. Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Конфедератсияи Швейтсария, Намояндаи доимии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар назди Шуъбаи Созмони Милали Муттаҳид (СММ) ва дигар ташкилоти байналмилалӣ дар Женева Шараф Шерализода дар чорабинӣ дар мавзуи «Чаҳорчӯбаи ҳамгироишудаи маблағгузории миллӣ барои расидан ба Ҳадафҳои Рушди Устувор» иштирок намуд. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Конфедератсияи Швейтсария хабар медиҳад.

Шараф Шерализода дар қисмати ифтитоҳӣ вобаста ба низоми идоракунии молиявӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон баҳри расидан ба Ҳадафҳои Рушди Устувор, ҳуҷҷатҳои танзимкунандаи соҳа, ҷараёни татбиқи санадҳои стратегӣ ва ҳамкорӣ бо шарикони рушд дар доираи онҳо суханронӣ намуд.

Чорабинӣ аз ҷониби Комиссияи иқтисодии Созмони Милали Муттаҳид барои Аврупо (UNECE) ва Конфронси Созмони Милали Муттаҳид оид ба савдо ва рушд (UNCTAD) дар шакли омехта баргузор гардида, дар кори он намояндагони давлатҳои Аврупои Шарқӣ, Балкани Ғарбӣ, Қафқоз ва Осиёи Марказӣ иштирок намуданд.

АКС: Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Конфедератсияи Швейтсария



Source link