Дар саҳни Донишгоҳи байналмилалии забонҳои хориҷии Тоҷикистон бахшида ба Наврӯз бозиҳои миллӣ баргузор гардид

0
1





Дар саҳни Донишгоҳи байналмилалии забонҳои хориҷии Тоҷикистон бахшида ба Наврӯз бозиҳои миллӣ баргузор гардид

ДУШАНБЕ, 27.03.2024 /АМИТ «Ховар»/. Бахшида ба ҷашни Наврӯзи байналмилалӣ бо мақсади эҳёи суннатҳои ниёгон ва бозиҳои миллии тоҷикона дар саҳни Донишгоҳи байналмилалии забонҳои хориҷии Тоҷикистон ба номи Сотим Улуғзода чорабинии идона баргузор гардид, хабар медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба ин донишгоҳ.

Иброз гардид, ки ҳадаф аз баргузории чунин мусобиқаҳо эҳёи бозиҳои варзишии ниёгонамон мебошад.

Бояд гуфт, ки дар сабқат донишҷӯён бозиҳои дастхобонӣ, бандкашӣ, шашка, шоҳмот, шатранҷ, тухмҷанг, бандпарак, қолбозӣ, буҷулбозӣ, чормағзбозӣ, ҳадафбозӣ, ланкабозӣ, сангчабозӣ ва ғайраро ба намоиш гузоштанд.

Ғолибони бозиҳо муайян ва қадрдонӣ шуданд.

Ҳамзамон дар донишгоҳ таҳти  унвони «Ҳама ҷо анҷумани Наврӯз аст» шоми суманак баргузор гардид.

Иброз гардид, ки ҷашни аҷдодии Наврӯз бо ташаббуси арзишманду таърихии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мақоми байналмилалӣ касб намуда, ҳоло дар бисёр давлатҳо бо шукуҳи хосса ва анъанаҳои тоҷикона таҷлил мешавад.

Дар саҳни Донишгоҳи байналмилалии забонҳои хориҷии Тоҷикистон бахшида ба Наврӯз бозиҳои миллӣ баргузор гардидДар саҳни Донишгоҳи байналмилалии забонҳои хориҷии Тоҷикистон бахшида ба Наврӯз бозиҳои миллӣ баргузор гардид

АКС: Донишгоҳи байналмилалии забонҳои хориҷии Тоҷикистон ба номи Сотим Улуғзода



Source link