Дар ноҳияи Вахш вобаста ба иҷрои нишондиҳандаҳои Паёми Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳамоиш доир шуд

0
1





Дар ноҳияи Вахш вобаста ба иҷрои нишондиҳандаҳои Паёми Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳамоиш доир шуд

ДУШАНБЕ, 16.02.2024 /АМИТ  «Ховар»/. Дар ноҳияи Вахши вилояти Хатлон вобаста ба иҷрои нишондиҳандаҳо ва нуктаҳои муҳими Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва сиёсати хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон» ҳамоиш доир гардид. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар мақомоти Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.

Дар ҳамоиш аз ҷониби намояндаи Ҳукумати ҷумҳурӣ дар ноҳияи Вахш — Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон Умед Бобозода ва шахсони масъули мақомоти Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон иҷрои нишондиҳандаҳо ва паҳлуҳои гуногуни Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ, аз ҷумла масъалаҳои татбиқи сиёсати хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон, баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии аҳолӣ, пешгирии терроризм ва экстремизм, дастовардҳои иқтисодию иҷтимоии ҷумҳурӣ ва мусоидати соҳибкорони ватаниву хориҷӣ ба рушди бемайлони соҳаҳои ҳаёти ҷомеа мавриди таҳлилу баррасӣ қарор дода шуд.

Дар ноҳияи Вахш вобаста ба иҷрои нишондиҳандаҳои Паёми Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳамоиш доир шудТавре иттилоъ дода шуд, Ваколатдор ва ҳайати ҳамроҳ ҳамчунин бо шароити «Мактаб-интернат барои кӯдакони ятим ва бепарастор»-и ноҳияи Вахш, ки 15 декабри соли 2023 аз ҷониби Пешвои миллат мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифта буд ва бунёди дигар иншооти ҷашнӣ шинос шуданд.

Ин муассиса дар заминаи дастгириҳои ҳамешагии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ҷалби сармоя ба истиқболи 35-солагии Истиқлолияти давлатӣ сохта шуда, аз 6 бинои алоҳида, 8 кабинети фаннӣ, китобхонаи муҷаҳҳаз, бунгоҳи тиббӣ ва хобгоҳ барои 350 кат иборат мебошад.

АКС: Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон



Source link