ҶОМИ ҶАҲОН-2026. Бозии дастаҳои мунтахаби Тоҷикистон ва Арабистони Саудӣ мусовӣ анҷом ёфт

0
1





ҶОМИ ҶАҲОН-2026. Бозии дастаҳои мунтахаби Тоҷикистон ва Арабистони Саудӣ мусовӣ анҷом ёфт

ДУШАНБЕ, 26.03.2024 /АМИТ “Ховар”/. Бозии дастаҳои мунтахаби Тоҷикистон ва Арабистони Саудӣ дар бозии чоруми даври дуюми марҳилаи интихобии Ҷоми ҷаҳон-2026 дар гурӯҳи «G» мусовӣ анҷом ёфт, хабар медиҳад АМИТ «Ховар».

Бозӣ дар Варзишгоҳи марказии Душанбе баргузор гардида, бо ҳисоби 1:1 анҷом ёфт.

Ёдовар мешавем, ки дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футбол дар бозии сеюми даври дуюми марҳилаи интихобии Ҷоми ҷаҳон-2026 дар гурӯҳи «G», ки 21 март баргузор шуд, аз тими миллии Арабистони Саудӣ  мағлуб гардид.

АКС: Федератсияи футболи Тоҷикистон



Source link