Дар мавзеи Манем барои 83 оилаи аз офтати табиат зарардидаи деҳаи Барсеми ноҳияи Шуғнони Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон махозаи хуштарҳи зебои замонавӣ аз ҷониби Раёсати Иттифоқи Тоҷикматлубот ба маблағи 250 ҳазор сомонӣ дар фосилаи вақти кутоҳтарин бунёд карда шуд, ки ҳоло сокинони шаҳрак аз он бо қаноатмандӣ истифода мебаранд.
Махозаи мазкур бо иштироки Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Шукурҷон Зуҳуров ифтитоҳ гардидааст.
