Чойхонаи замонавӣ

0
478
Чойхонаи замонавӣ

Дар шаҳраки Шайдони ноҳияи Ашт бо иштироки Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Чойхонаи замонавӣ бо 200 ҷойи нишаст дар арарфаи иди Наврӯз мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифт.

Бинои чойхона аз ҷониби Раёсати ҷамъияти матлуботи ноҳияи Ашт дар Боғи марказии фарҳангу фароғатии ба номи Маҳмудҷон Воҳидов сохта шудааст.

Иншооти маишию хизматрасонӣ аз толори калон бо 140 ҷойи нишаст, толори иловагӣ барои 20 ҷойи нишаст, 4 ҳуҷраи алоҳида, ки ҳар яки он барои 10 ҷойи нишаст пешбинӣ шудааст ва таҳхонаю ҳуҷраҳои омодасозии хӯрок иборат мебошад.

Анҷом ёфтани сохтмони чунин иншооти мӯҳташам ва мавриди истифода қарор гирифтани он тӯҳфаи арзандаи Наврӯзии Иттифоқи “Тоҷикматлубот” ба сокинони ноҳияи Ашт ва меҳмонони он ба шумор меравад. Бояд гуфт, ки рафти корҳои сохтмонӣ дар иншооти мазкур ҳамчун объекти ҷашнӣ таҳти назорати бевоситаи раиси Раёсати Иттифоқи Тоҷикматлубот Ҳ. С. Идиев қарор дошт.