ТАҒЙИРОТ ДАР «ИСТИҚЛОЛ». Сохтори идоракунии ин дастаи футбол тағйир дода шуд

0
1





ТАҒЙИРОТ ДАР «ИСТИҚЛОЛ».  Сохтори идоракунии ин  дастаи футбол тағйир дода шуд

ДУШАНБЕ, 17.02.2024 /АМИТ «Ховар»/. Дар сохтори идоракунии дастаи  футболи «Истиқлол»-и Душанбе, ки стратегияи рушд ва пешбурди кадрҳои худро риоя менамояд, тағйирот дароварда шуд. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба дастаи  футболи «Истиқлол» хабар медиҳад.

Дар «Истиқлол» Шурои клуб таъсис дода шуд, ки ба он 7 нафар шомил мешаванд. Шурои мазкурро  раиси даста Шоҳрух Саидзода роҳбарӣ менамояд.

Вобаста бо таъсиси Шурои даста, дар ҳайати роҳбарикунандаи бошгоҳ таъйиноти кадрӣ ба амал оварда шуд.

Дар сохтори клуб  вазифаи сардори даста барҳам дода шуда, чанд вазифаҳои дигари роҳбарикунанда тасдиқ гардиданд.

Бо фармони раиси бошгоҳ Шоҳрух Саидзода, Шаҳзод Сулаймонов ба вазифаи директори генералии даста таъйин гардид, ки қаблан дар маснади  менеҷер адои вазифа мекард.

Бо фармони дигари роҳбари бошгоҳ, собиқ сардори даста Ҷаҳонгир Ҷалилов ба вазифаи директори иҷроияи даста таъйин шуд.

Нуриддин Давронов, ки фаъолияти бозингарии худро ба анҷом расонид, дар «Истиқлол» ҳамчун директори варзишӣ фаъолият хоҳад намуд.

Рустам Ҳакимов, ки қаблан роҳбари хадамоти матбуотӣ буд, директори коммуникатсия ва робита бо воситаҳои ахбори оммаи  даста таъйин гардид.

Ҳамчунин бо қарори роҳбари бошгоҳ, ёрдамчии менеҷери даста Абдураҳим Муҳаммадзода ба вазифаи менеҷери клуб гузаронида шуд.

АКС: дастаи футболи «Истиқлол»



Source link