Ифтитоҳи бозор дар маркази ноҳияи Шамсиддини Шоҳин

0
803

24 сентябри соли 2020 Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳангоми сафари корӣ ба ноҳияи Шамсиддини Шоҳин дар қатори дигар иншоотҳо Бозори марказии ноҳияро низ ифтитоҳ намуданд. Бозор аз ҳисоби маблағҳои мутамаркази Иттифоқи Тоҷикматлубот бунёд карда шудааст.

Корҳои сохтмонӣ дар бозори мазкур моҳи сентябри соли 2019 оғоз гардида, дар давоми корҳои сохтмонӣ 30 нафар сокини маҳаллӣ бо ҷойи кор ва маоши хуб таъмин буданд. Масоҳати бозор  2 ҳазору 400 метри мураббаъро ташкил намуда, дар он 112 ҷойи болопўшида барои савдо ва 22 дукони тиҷоратӣ ҷойгир карда шудааст.

Акнун дар бозор барои соҳибкорон ва хоҷагидорон барои ба фурўш баровардани молу маҳсулот ва ба сокинон барои бо нархи дастрас харидорӣ кардани маводи зарурӣ шароити мусоид фароҳам оварда шудааст.

Дар бозор зиёда аз 100 нафар соҳибкорону сокинони маҳаллӣ бо ҷойи кори доимӣ таъмин гардиданд.

Пешвои миллат зимни суҳбат бо соҳибкорон ва роҳбарияти бозор, дастур доданд, ки барои таъмини аҳолӣ бо меваю сабзавот ва дигар намуди молу маҳсулот бо хоҷагиҳои деҳқонӣ ва соҳибкорони дигар шаҳру ноҳияҳо шартнома баста, фаровонии бозорро таъмин намоянд.