Ифтитоҳи Маркази тибби байналмилалии “Мармед” дар шаҳри Хуҷанд

0
60

15 ноябр Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар маҳаллаи 12-уми шаҳри Хуҷанд Маркази тибби байналмилалии “Мармед”-ро ба истифода доданд.

Иншооти соҳаи тандурустӣ дар доираи омодагиҳо ба ҷашни 35 – солагии Истиқлоли давлатӣ сохта шуда, аз 6 ошёна, таҳхона ва 36 кати хоб иборат мебошад. Муроҷиаткунандагон метавонанд дар баробари ташхису табобат ҳамзамон аз хизматрасонии ошхона ва ҳавзи шиноварӣ истифода баранд.

Дар маркази нави тиббӣ бо навтарин дастгоҳҳо ташхису табобат ва намудҳои зиёди ҷарроҳӣ, аз қабили ҷоғу рӯй, чашм ва узвҳои дарунӣ ба роҳ монда шудааст.

Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба талаботи замон мутобиқ гардонидани имкониятҳоро дар соҳаи иҷтимоӣ яке аз ҳадафҳои асосии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон арзёбӣ карда, ба масъулини дахлдори соҳа ва коргарону мутахассисон супориш доданд, ки ба муроҷиаткунандагон дар сатҳи баланд хизматрасонӣ кунанд.

Ҳуҷраҳо барои бақайдгирӣ, ташхису табобат, таҳлилӣ хун ва ду ҳуҷра барои ҷарроҳӣ пешбинӣ карда шудааст.

Дар маҷмуъ зиёда аз 30 нафар мутахассисони баландихтисос ба ҷойи кор таъмин шуданд. 

Дастгоҳҳо барои ташхису табобат аз Корея, Туркия, Чин ва Аврупо ворид карда шудааст. Сохти бунёди бино ва афзалият додан ба таҷрибаи муосир имкон фароҳам овардааст, ки раванди хизматрасонӣ ба таври худкор сурат гирад.

Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон кормандонро барои омӯзиши нозукиҳои кор тавассути технологияи муосир, баланд бардоштани маҳорати касбӣ ва бо истифода аз имконияти мавҷуда ҷиҳати хизматрасонии сатҳи баланд вазифадор карданд. 

Барои анҷом додани табобат ва ҷароҳиҳои мураккаб мутахассисон аз Русия, Узбекистон, Туркия ва Ҳиндустон низ даъват карда мешаванд.

Раванди такмили ихтисоси табибон дар ҳамкорӣ бо дигар муассисаҳои тиббии мамлакат ба таври амалӣ ба роҳ монда мешавад.

Ба фаъолият оғоз кардани маркази нави тиббӣ, ворид шудани таҷҳизоти муосир ва ҷалби мутахассисони баландихтисос имкон медиҳад, ки ба муроҷиаткунандагон дар сатҳи баланд хизматрасонӣ карда шавад.

Источник: president.tj