Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи раиси ноҳияи Ашти вилояти Суғд таъин намудани Муҳаммадзода Ш.

0
120

Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи раиси ноҳияи Ашти вилояти Суғд таъин намудани Муҳаммадзода Ш.

ФАРМОНИ
ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Дар бораи раиси ноҳияи Ашти вилояти Суғд
таъин намудани Муҳаммадзода Ш.

Мутобиқи моддаи 69 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон фармон медиҳам:
Муҳаммадзода Шӯҳрат раиси ноҳияи Ашти вилояти Суғд таъин карда шавад.

Президенти
Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон

ш. Душанбе
26 январи соли 2022
№326

 

 

МАЪЛУМОТНОМА

 

Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи раиси ноҳияи Ашти вилояти Суғд таъин намудани Муҳаммадзода Ш. МУҲАММАДЗОДА Шӯҳрат

аз 26 январи соли 2022 дар мансаби раиси ноҳияи Ашти вилояти Суғд кор мекунад

Соли таваллуд 30 сентябри соли 1978       Ҷои таваллуд ноҳияи Ашт    

Миллат тоҷик                                          Таҳсилот    олӣ

Соли 2014 Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистонро хатм   кардааст

Ихтисос  маркетинг

Унвони илмӣ      надорад

Кадом забонҳои хориҷиро медонад русӣ, ӯзбекӣ

Вакили Маҷлиси вакилони халқ ҳаст ё не вакили Маҷлиси вакилони халқи вилояти Суғд,  вакили Маҷлиси вакилони халқи ноҳияи Ашт 

Бо мукофотҳои давлатӣ сарфароз гардонида шудааст ё не   не

Вазъи оилавӣ     оиладор

Кор ва фаъолияти собиқа:

 

Солҳои 2003-2009

Раиси хоҷагии деҳқонии «Шӯҳрат»-и ноҳияи Ашт

Аз апрели  соли 2009 то ҳол

Директори Ҷамъияти дорои масъулияташ маҳдуди «Ширкати сохтмонии Рахшона»-и ноҳияи Ашт

 

Источник: president.tj