Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи иҷрокунандаи вазифаи раиси шаҳри Истиқлоли вилояти Суғд таъин намудани Маҳмудзода Қ.

0
89

Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи иҷрокунандаи вазифаи раиси шаҳри Истиқлоли вилояти Суғд таъин намудани Маҳмудзода Қ.

ФАРМОНИ
ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Дар бораи иҷрокунандаи вазифаи раиси шаҳри Истиқлоли
вилояти Суғд таъин намудани Маҳмудзода Қ.

Мутобиқи моддаи 69 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон фармон медиҳам:
Маҳмудзода Қаюмҷон иҷрокунандаи вазифаи раиси шаҳри Истиқлоли вилояти Суғд таъин карда шавад.

Президенти
Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон

ш. Душанбе
26 январи соли 2022
№325

 

 

МАЪЛУМОТНОМА

 

Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи иҷрокунандаи вазифаи раиси шаҳри Истиқлоли вилояти Суғд таъин намудани Маҳмудзода Қ. МАҲМУДЗОДА Қаюмҷон

аз 26 январи соли 2022 дар мансаби иҷрокунандаи вазифаи раиси шаҳри Истиқлоли вилояти Суғд кор мекунад

Соли таваллуд   9 июни соли 1965         Ҷои таваллуд шаҳри Хуҷанд

Миллат     тоҷик                                         Таҳсилот  олӣ

    соли 1992 Институти политехникии Тоҷикистонро хатм кардааст

Ихтисос     муҳандис-механик

Кадом забонҳои хориҷиро медонад  русӣ

Вакили халқ ҳаст ё не вакили Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Бӯстон ва вилояти Суғд

Бо мукофотҳои давлатӣ сарфароз гардонида шудааст ё не  не

 

Кор ва фаъолияти собиқа:

 

Солҳои 1982-1983

Донишҷӯи Омӯзишгоҳи тезникии №3 ба номи Ю.Гагарин, шаҳри Хуҷанд

Солҳои 1983-1985

Хизмати ҳарбӣ дар сафи Артиши Шӯравӣ, Республикаи халқии Монголия

Солҳои 1986-1992

Донишҷӯи Донишкадаи политехникии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе

Солҳои 1993-1997

Ронанда, муҳандис-механик корманди шуъбаи таъминот ва фурӯши молҳои таёри иттиҳодияи истеҳсолии дузандагӣ ба номи Н.К.Крупская, шаҳри Хуҷанд

Солҳои 1997-2009

Иқтисодчии асосӣ, сардори шуъбаи таъминоти молҳои тайёр, ҷонишини директори генралӣ оид ба корҳои тиҷорат, ҷонишини директори генералии иттиҳодияи истеҳсолии «Садаф» оидба корҳои истеҳсолот, директори корхонаи фаръии «Гранд»-и корхонаи воҳиди давлатии «Садаф», ҷонишини директори генералӣ, сармуҳандиси корхонаи воҳиди давлатии «Садаф»

Солҳои 2009-2010

Директори генералии УВД «Садаф», шаҳри Хуҷанд

Солҳои 2010-2013

Директори генералии КВД «Заря Востока»-и шаҳри Истиқлол

Солҳои 2013-2016

Директори генералии КВД «Фулузоти нодири Тоҷикистон», шаҳри Бӯстон

Солҳои 2016-2022

Муовини якуми раиси шаҳри Бӯстони вилояти Суғд

 

Источник: president.tj