Семинар-машварат дар Иттифоқи Тоҷикматлубот

0
395
  •      Тибқи муроҷиати Сарраёсати Хадамоти давлатии оташнишонии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон, рӯзи 23 июни соли 2021 дар Иттифоқи Тоҷикматлубот дар мавзӯи “Талаботҳои бехатарӣ аз сӯхтор дар бинову иншоотҳои кооператсияи матлуботи шаҳру ноҳияҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон” семинар-машварат доир гардид.
  •       Дар ҷамъомад кормандони масъули идораву шуъбаҳои дастгоҳи идоравии Иттифоқи Тоҷикматлубот, муассисаҳои таълимии соҳа, раисони раёсат, директорони бозорҳо ва кормандони бехатарӣ аз сӯхтори ҷамъиятҳои матлуботи ноҳияҳои тобеи марказ, инчунин сардорони минтақавии Сарраёсати Хадамоти давлатии оташнишонии ВКД ҶТ иштирок намуданд.  
  • Умарзода Бахтиёр – полковники хизмати дохилӣ, сардори Сарраёсати Хадамоти давлатии оташнишонии ВКД ҶТ оид ба масъалаи ба баррасии семинар-машварат гузошташуда маърӯза намуд.
  • Маърӯзаву баромадҳо, музокираҳо ва таклифу пешниҳодоти семинар-машварат бори дигар собит сохт, ки бехатарӣ аз сӯхтор яке аз масъалаҳои муҳимтарин ба ҳисоб рафта, риояи он амри зарурӣ мебошад.
  • Қарорҳои қабулнамудаи семинар-машварат кормандони соҳаи кооператсияи матлуботи мамлакатро вазифадор намуд, ки  нисбати пешгирӣ намудан ва роҳ надодан ба ҳодисаҳои сар задани сӯхтор чораҳои зарурӣ андешида, дар ин самт ҳамкориро бо Сарраёсати Хадамоти давлатии оташнишонии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон зич ба роҳ монанд.
  • Бояд қайд намуд, ки пеш аз баррасии масъалаҳо филми мустанад дар бораи ҳодисаҳои сар задании сӯхтор дар бинову иншоотҳои гуногуни соҳаҳои хоҷагии халқи ҷумҳурӣ, сабабҳои сар задан ва роҳҳои пешгирии сӯхтор, ки аз тарафи Сарраёсати Хадамоти давлатии оташнишонии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳия гардидааст, ба диққати ҳозирин намоиш дода шуд.
  • Семинар машварат бо риояи қоидаҳои беҳдоштӣ барпо карда шуд.

 

Семинар-машварат дар Иттифоқи Тоҷикматлубот
Семинар-машварат дар Иттифоқи Тоҷикматлубот
Семинар-машварат дар Иттифоқи Тоҷикматлубот
Семинар-машварат дар Иттифоқи Тоҷикматлубот