Ҷиноят умри кӯтоҳ ва ҷазои наздик дорад!

0
286

Дар воситаҳои ахбори омма оиди  дар шаҳри Хоруғ ва ноҳияи Рӯшон баргузор намудани гирдиҳамоии ғайриқонунӣ аз тарафи як гурӯх шахсони ҷиноятпеша  хабарҳо нашр шуда буданд.  Тавассути  шабакаҳои интернетӣ душманони миллат ва давлати Тоҷикистон, ки дар хориҷи кишвар бо фаъолияти бадхохона нисбати рушду равнақи ватани азизамон машғуланд,  нисбати ҳодисаҳои Бадахшон дурӯғҳои навбатии худро пахш намуда, дар байни мардуми минтақа низоъ андохтанд. Як гурӯх ҷавонони зудбовар, ки ақидаи солим надоранд  ба  гуфтаҳои онҳо фирефта  шуда, ба ташкили гидиҳамоӣ ва роҳбандиҳо сар намуданд.

Мардуми маҳалӣ медонад, ки низоъ дар шаҳру ноҳияҳои Бадахшон кай ва аз тарафи кадом гурӯҳҳо  тарҳрезӣ ва маблағгузорӣ шудааст. Мақсади асосии ин гурӯҳхо ноором сохтани  вазъияти  минтақаҳои  алоҳида  ва дар маҷмӯъ тамоми кишвар мебошад, аммо ин нокасон ба мақсадашон нарасиданд. Ҳодисаҳое, ки дар вилояти Бадахшон аз ҷониби шахсони ҷинояткор, ва бевиҷдон бемаърифат, ки аз пушти занону кудакон  овоз  баланд  менамуданд, дар ҳақиқат вазъи имрӯзаи минтақаро нигаронкунанда намуданд. Ин ашхос бояд барои амалҳои ноҷавонмардонаи  худ назди қонун, ки барои ҳама шаҳрвандони ҷумҳурӣ  волояти он  аввалиндараҷа аст.     

Кули мардуми Бадахшон тарафдори волояти қонунҳои амалкунандаи мамлакат буда, минбаъд бояд ҳушёрӣ ва зиракии сиёсиро аз даст надиҳанд. Фаромӯш набояд кард, ки сиёсати Ҳукумату давлати Тоҷикистон рушду тараққии баробари ҳама минтақаҳои кишвар мебошад.

         Кормандони дастгоҳи идоравии Раёсати Иттифоқи Тоҷикматлубот   ин амалҳои номатлубро, ки он сабаби нооромию нотинҷӣ, қонунвайронкунӣ ва хатари аз даст додани сулҳу суббот, ки он бо заҳмату  машаққат  ба  даст оварда  шудааст,  маҳкум менамояд ва боварӣ дорем, ки ҷинояткорон дар назди қонун барои кирдори номатлуби худ ҷавоб медиҳанд. Мо бояд дар якҷоягӣ баҳри пешгирии ҷавонон аз шомилшавӣ ба ҳизбу ҳаракатҳои терористӣ- экстремистӣ чораҳои зарурӣ андешида ва бо ин гуна зуҳуроти нангин мубориза барем. Ҷавононро дар рӯҳияи худогоҳиву худшиносии миллӣ, тарбия намуда, баҳри пешрафти љомеа, устувории сулҳу субот ва нигоҳдории истиқлолияти кишвар ҳидоят намоем.      

Коллективи меҳнатии дастгоҳи идоравии Иттифоқи Тоҷикматлубот.