Оғози сафари корӣ дар ноҳияи Файзобод

0
52

20 сентябр Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо сафари корӣ ба ноҳияи Файзобод ташриф оварданд.

Дар даромадгоҳи ноҳия Сарвари давлатро сокинони касбу кори гуногун бо самимияти хоса ва эҳтироми беандоза истиқбол гирифтанд.

Барномаи рангини консертии шуъбаи фарҳанги ноҳия, ки бозгӯкунандаи меҳру муҳаббат ва садоқати мардуми Файзобод нисбат ба Пешвои муаззами миллат мебошад, бо маҳорати баланди эҷодӣ ва бисёр ҷолибу диданӣ баргузор карда шуд.

Мақсад аз ташрифи Президенти мамлакат ба ноҳияи Файзобод ифтитоҳи як қатор иншооти таъиноти гуногун, суҳбату мулоқот бо сокинон ва шинос шудан бо вазъи зиндагии онҳо мебошад.

Источник: president.tj