Ба имзо расидани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2022»

0
12

30 ноябр Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2022» имзо гузоштанд.

Дар Буҷети давлатӣ ба соҳаҳои иҷтимоӣ бартарӣ дода шуда, ба ин бахшҳо қариб нисфи маблағи Буҷети давлатӣ равона шудааст.

Чунин бартарӣ ба соҳаҳои иҷтимоӣ аз моҳияти иҷтимоии сиёсати Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон сарчашма гирифта, ба ҳифзи ҳамаҷонибаи иҷтимоии халқи кишвар ва беҳдошти зиндагии онҳо равона шудааст.

Матни Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2022» дар матбуот нашр карда мешавад.

Источник: president.tj