Мулоқот бо Президенти Ҷумҳурии Узбекистон Шавкат Мирзиёев

0
4

16 сентябр дар Қасри миллат Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Ҷумҳурии Узбекистон муҳтарам Шавкат Мирзиёев, ки ҷиҳати иштирок дар ҷаласаи Шӯрои сарони давлатҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхай ба Тоҷикистон ташриф овардаанд, мулоқот карданд.

Дар ҷараёни мулоқоти самимӣ масъалаҳои мубрами ҳамкории дуҷониба ва рафти иҷрои созишномаҳои зимни сафари расмии Президенти Ҷумҳурии Узбекистон дар Тоҷикистон ба имзорасида, баррасӣ шуд.

Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Президенти Ҷумҳурии Узбекистонро ба Тоҷикистон хайрамақдам гуфта, ба саҳми шахсии муҳтарам Шавкат Мирзиёев дар рушди муносибатҳои шарикии стратегии мутақобилан судманди Тоҷикистону Ӯзбекистон баҳои баланд доданд.

Ҷонибҳо аз рушди бемайлон ва густариши маҷмӯи муносибатҳои дӯстӣ, ҳамсоягии нек ва шарикии стратегии Тоҷикистону Узбекистон изҳори қаноатмандӣ намуданд.

Масъалаҳои ҳамкории сиёсӣ, тиҷоратию иқтисодӣ, низомӣ ва амниятӣ аз мавзуъҳои муҳими мулоқоти дуҷониба маҳсуб ёфта, сарони давлатҳо фаъолияти пурсамари Комиссияи байниҳукуматӣ оид ба ҳамкории иқтисодӣ ва баргузории форуми байниминтақавии сармоягузориро дар Тоҷикистон махсус қайд карданд.

Зимни баррасии масъалаҳои амниятии минтақавӣ вазъи мураккаби сиёсию низомии кишвари ҳамсояи Афғонистон муҳокима гардид.

Дар рафти мулоқот ҳамчунин оид ба масъалаҳои мавриди таваҷҷуҳи ҷонибҳо табодули судманди афкор сурат гирифт.

Маводҳо доир ба мавзӯъ:

Маводи дигар вобаста ба робитаҳо дар сатҳи олӣ миёни Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

Источник: president.tj