Ифтитоҳи бинои сардхонаи Хоҷагии деҳқонии “Ҳоҷӣ Камол”-и шаҳри Турсунзода

0
32

3 октябр Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар деҳаи Заркамари деҳоти ба номи Ҷура Раҳмонови шаҳри Турсунзода бинои сардхонаи Хоҷагии деҳқонии “Ҳоҷӣ Камол”-ро мавриди истифода қарор доданд.

Сардхона дар партави дастуру супоришҳои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бахшида ба ҷашни 35-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷониби роҳбари Хоҷагии деҳқонии “Ҳоҷӣ Камол” Ориф Камолов дар масоҳати 0,30 гектар замин бунёд карда шудааст.

Иншооти мазкур бо технологияи муосир, аз ҷумла яхдонҳои замонавӣ муҷаҳҳаз гардонда шуда, барои нигоҳдории 1000 тонна меваю сабзавот пешбинӣ гардидааст.

Дастгоҳу таҷҳизоти зарурӣ, ки барои муътадил нигоҳ доштани ҳарорати дохили сардхона насб карда шудаанд, имконият медиҳад, ки меваю сабзавот ва дигар муҳсулоти кишоварзӣ беталаф нигоҳдорӣ гардад.

Ба Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иттилоъ дода шуд, ки Хоҷагии деҳқонии “Ҳоҷи Камол” 500 гектар боғи ангур дорад ва меваи ҷамъоваригардида дар сардхонаи навбунёди замонавӣ ҷой карда мешавад.

Танҳо дар хоҷагии деҳқонии «Ҳоҷи Камол» дар як сол 15 ҳазор тонна ангури хушсифат ҷамъоварӣ мешавад. Боғдорони хоҷагӣ ангурро асосан ба Федератсияи Русия, Қазоқистон, Покистон ва дигар кишварҳо содирот менамоянд. Ҳоҷагӣ имконияти дар сардхона нигоҳ доштани то 4 ҳазор тонна ангурро дорад.

Таҷрибаи бою ғании парвариши хоси ангур аз афзалиятҳои токпарварони хоҷагии мазкур ба шумор рафта, онҳо барои афзоиш додани ҳаҷми истеҳсоли мева ва захираи он тадбирҳои саривақтӣ меандешанд.

Сардхонаи нав дорои анборҳои алоҳида буда, дар ҳар яки он имкони ғунҷондани то 100 тонна молу маҳсулот мавҷуд аст. Айни замон дар Хоҷагии деҳқонии “Ҳоҷӣ Камол”-и шаҳри Турсунзода 6 навъи ангури аълосифати дар бозори дохил ва хориҷ серталабот парвариш меёбад.

Президенти мамлакат бо шароит ва технологияи сардхона шинос шуда, бунёди онро ҷиҳати беталаф нигоҳ доштани меваю сабзавот, бахусус ангур ва дар тамоми фасли сол таъмин намудани фаровонии бозори истеъмолӣ бо маҳсулоти тару тозаи кишоварзии аз ҷиҳати экологӣ тозаи истеҳсоли ватанӣ муҳим ва зарурӣ арзёбӣ намуданд.

Ин омил имконоти захираву беталаф нигоҳдории маҳсулоти кишоваризиро таъмин менамояд. Мавриди зикр аст, ки дар шаҳри Турсунзода дар оянда бояд барои захира ва нигоҳдории 100 ҳазор тонна маҳсулоти кишоварзӣ махсусан ангур сардхонаҳои муосир бунёд карда шавад.

Источник: president.tj