Боздид аз ҷараёни ҷамъоварии ҳосили шолӣ дар Хоҷагии деҳқонии “Ислом” ва намоиши маҳсулоти ғалладона дар шаҳри Турсунзода

0
23

3 октябр дар шаҳри Турсунзода Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Хоҷагии деҳқонии “Ислом” ташриф оварда, ба ҷамъоварии ҳосили шолӣ оғоз бахшиданд.

Хоҷагии деҳқонии “Ислом” дар деҳоти Ҷура Раҳмонов ҷойгир буда, соли 2000 аз ҷониби оилаи Бобохоновҳо таъсис ёфтааст ва дар ихтиёри худ 1,2 гектар замин дорад.  

Иттилоъ дода шуд, ки яке аз самтҳои асосии фаъолияти Хоҷагии деҳқонии “Ислом” шолипарварӣ мебошад ва соли ҷорӣ дар 0,60 гектар ин навъи зироат кишт карда шудааст.

Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни боздид аз ҳосили шолӣ дар Хоҷагии деҳқонии “Ислом” бо деҳқонон суҳбати самимӣ ороста, ба онҳо дар самти истифодаи босамару оқилонаи замин, истеҳсоли маҳсулоти ғизоӣ ва ҷонибдорӣ аз сиёсати аграрии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон изҳори сипос карданд.

Бояд гуфт, ки дар заминҳои хоҷагӣ шолӣ кишти такрорӣ буда, қабл аз ин аҳли заҳмат дар 0,60 гектар ғалла корида, 2,5 тонна ҳосил ба даст оварданд. 

Хоҷагидорон соли сипаришуда аз 0,60 гектар шолӣ беш аз 4 тонна биринҷи аълосифати навъи “лазер” рӯёнида буданд. Имсол бошад, аз хӯшаҳои серҳосилу пурбори шолӣ умед доранд, ки ҳосили баланди биринҷ ба даст оваранд.

Дар баробари шолипарварӣ саҳмдорон ҳамасола дар қитъаҳои алоҳидаи хоҷагӣ шалғам, помидору бодиринг, сирпиёз, лаблабу, қаланфур ва кабудиҳо кишту парвариш ва истеҳсол намуда, ба фурӯш мебароранд. Ҳоло дар кишти такрорӣ дар 0,60 гектар карам ва 0,30 гектар бойимҷон кошта шудааст, ки аз он ҳосили баланд рӯёнида мешавад.

Ба гуфти роҳбари хоҷагӣ саҳмдорон то имрӯз беш аз 8 тонна ҳосили бойимҷон ҷамъоварӣ ва ба бозорҳои истеъмолӣ пешниҳод намуда, аз ин ҳисоб 80 ҳазор сомонӣ даромади иқтисодӣ ба даст овардаанд.

Ҳамин тариқ, аҳли заҳмати хоҷагӣ ҳам дар кишти асосӣ ва ҳам дар кишти такрорӣ ҳар як қитъа замини обиро босамар истифода намуда, ба истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ, аз ҷумла ғалладона ва сабзавоту полезӣ машғул мешаванд.

Дар ҳамин ҷо Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз намоиши маҳсулоти ғалладона шинос шуданд. Аҳли заҳмат маҳсули дастранҷи худ, аз ҷумла навъҳои гуногуни шолӣ, биринҷ, ҷав, гандум, зағир, маккаи дон, мошу нахӯд ва лубиёро ба намоиш гузоштанд.

Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои боз ҳам истифодаи босамари замин ва ба ин восита истеҳсоли бештари маҳсулоти кишоварзӣ ба хоҷагидорон ва масъулони соҳа маслиҳату тавсияҳои судманд доданд.

Источник: president.tj