Ба истифода додани Корхонаи парандапарварии “Мурғи Нуробод”

0
110

20 сентябр дар идомаи сафари корӣ Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати ифтитоҳи як қатор иншоот ва шиносоӣ бо рафти корҳои ободониву бунёдкорӣ ба ноҳияи Нуробод ташриф оварданд.

Нахуст дар ноҳияи Нуробод Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Корхонаи парандапарварии “Мурғи Нуробод”-ро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд.

Корхонаи нав барои истеҳсоли тухми аълосифат пешбинӣ гардида, дар он 30 ҳазор сар мурғ парвариш карда мешавад. Дар оянда “Мурғи Нуробод” имконият дорад, ки дар як рӯз 25 ҳазор дона тухм истеҳсол намуда, дар як сол то 9 миллион тухми мурғро ба фурӯш барорад. 

Тибқи баҳогузории мутахассисони соҳа, чӯҷаҳое, ки  барои парваришу нигоҳубин интихоб гардидаанд, сермаҳсул буда, аллакай дар чормоҳагӣ ба тухмдиҳӣ оғоз хоҳанд кард.

Иттилоъ дода шуд, ки “Мурғи Нуробод” дар минтақаи Рашт нахустин корхонаи парандапарварӣ буда, дар оянда имконият дорад талаботи ноҳияҳои водиро бо тухми аълосифат ба пуррагӣ қонеъ созад.

Дар коргоҳ технологияи муосири итолиёвӣ насб гардида, таъмини хӯроки паранда, обу дон ва ҷамъоварии тухм ба таври автоматӣ роҳандозӣ шудааст. Барои таъмини ҳарорати муътадили дохили фермаҳо, дар асоси меъёрҳои зарурӣ дастгоҳҳои муосир насб гардидааст, ки ин барои беталаф нигоҳ доштани мурғ мусоидат хоҳад кард. Хӯроки паранда низ аз корхонаҳои ватанӣ дастрас мешавад, ки ин омил ба паст кардани арзиши аслии маҳсулот боис мегардад.

Корхонаи парандапарварии “Мурғи Нуробод” аз ҷониби соҳибкори маҳаллӣ Маҳмадалӣ Сангов бунёд ва он дар асоси технологияи муосир кору фаъолият хоҳад кард. Иқдоми аз шаш намуди андоз, аз ҷумла аз воридоти технологияи муосир ба пуррагӣ озод намудани корхонаҳои истеҳсолӣ, ки дар доираи дастуру супоришҳои Пешвои муаззами миллат анҷом дода шуд, ҳам барои таъмини фаровонии маҳсулот дар бозорҳо ва ҳам соҳиби ҷойи кор гардидани аҳолии маҳаллӣ мусоидат намуд.

Айни замон дар корхонаи нав 20 сокини маҳаллӣ соҳиби ҷойи кори доимӣ гардида, маҳсулоти ниҳоии он дар навбати аввал ба шаҳри Роғун, ноҳияҳои Сангвор, Нуробод, Рашт, Тоҷикобод ва Лахш ба харидорон пешниҳод карда мешавад. 

Зимни боздид Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба масъулин барои рушди фаъолияти корхона дастуру маслиҳатҳои муфид дода, иқдомҳои бунёдкоронаи соҳибкорони маҳаллиро намунаи ибрат ва қобили дастгирӣ арзёбӣ карданд.

Источник: president.tj