Маҷлиси ҳаштуми Шўрои Иттифоқи Тоҷикматлубот

0
241
Маҷлиси ҳаштуми Шўрои Иттифоқи Тоҷикматлубот

Маҷлиси ҳаштуми Шўрои Иттифоқи Тоҷикматлубот, даъвати шонздаҳум 14 марти соли 2018, соати 9:00 дар зали хурди маҷлисҳо, дар табақаи сеюми бинои маъмурии Тоҷикматлубот баргузор гардида, дар он масъалаи «Ҳисоботи  Раёсати Иттифоқи Тоҷикматлубот дар бораи натиҷаҳои фаъолияти хоҷагӣ молиявии кооператсияи матлубот дар соли 2017 ва вазифаҳо ҷиҳати рушди минбаъдаи соҳа» ва дигар масъалаҳои ба рўзномаи он гузошташуда «Хулосаи Комиссияи тафтишот оиди тавозуни хоҷагиҳои Иттифоқи Тоҷикматлубот ба 01.01.2018», «Дар бораи тасдиқи тавозуни хоҷагиҳои Иттифоқи Тоҷикматлубот ба 01.01.2018 ва тақсимоти фоида аз фаъолияти онҳо», «Дар бораи тасдиқи сметаи хароҷотҳо оиди нигоҳ доштани   Комиссияи тафтишот дар соли 2018» ва масъалаҳои ташкилиро баррасӣ намуда, қарорҳои дахлдорро тасдиқ намуд.

Дар давраи ҳисоботӣ Иттифоқи Тоҷикматлубот даромади умумии бадастомадаро ба 91,0 млн. сомонӣ ё иҷроиши нақшаро 101,5 фоиз таъмин намуд, ки нисбати соли 2016 ба қадри 695,0 ҳазор сомонӣ зиёд мебошад.