Сохтмони Маркази савдо ва хизматрасонии дуошёна дар ноҳияи Восеъ

0
1240
Сохтмони Маркази савдо ва хизматрасонии дуошёна  дар ноҳияи Восеъ

         Раёсати Иттифоқи Тоҷикматлубот барои сохтмону азнавсозӣ ва таъмири бинову иншоотҳо, пайдо кардани иқтидорҳои иловагӣ, ба ҷои кор таъмин намудани эҳтиёҷмандон ва беҳтар кардани шароити кории онҳо чораҳои лозимиро андешида истодааст.

        Вобаста ба ин ҷиҳати иҷрои қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 31.10.2018, №510 “Дар бораи ҷашн гирифтани 30 – солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон” ва қарори Раёсати Иттифоқи Тоҷикматлубот аз 05.02.2018, №9 “А” “Дар бораи нақшаи чорабиноҳои амалигардонии корҳои созандагӣ ва бунёдкори барои солҳои 2018-2021 ба муносибати ҷашни 30 – солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон.

       Иттифоқи Тоҷикматлубот тасмим гирифтасаст, ки сохтмони маркази савдо ва хизматрасонии дуошёна (мағоза, сартарошхона, ҳаммом ва сехи дӯзандагї) воқеъ дар деҳаи Чорбоғи ҷамоъати деҳоти ба номи Мирали Вайсови ноҳияи Восеъ сохта ба истифода медиҳад.