Симои Тоҷикматлубот дигаргун мешавад

0
129

Бо ташаббуси раис ва аъзоёни Раёсати Иттифоқи Тоҷикматлубот тасмим гирифта шуд, ки симои берунаи бинои маъмурии Иттифоқи Тоҷикматлубот, фаввораҳо ва заминҳои назди он ба куллӣ дигаргун ва ба талаботи муосир ҷавобгўй карда шаванд. Дар ин хусус қарори Раёсати Иттифоқи Тоҷикматлубот № 98 аз 31 октябри соли 2023 қабул карда шуда, инчунин ахиран бо қарори Раиси шаҳри Душанбе аз 07 декабри соли 2023, № 672 барои таҷдиди бино ва ободонии атрофи он иҷозат дода шуд.  

Барои амалӣ шудани ин мақсад маблағҳои худии соҳавӣ пешбинӣ гардида, дар мувофиқа бо Сарраёсати меъморӣ ва шаҳрсозии шаҳри Душанбе ва дар асоси лоиҳаи дахлдор корҳои сохтмону ободонӣ оғоз меёбад. Ҳоло корҳои ободонӣ дар саҳни ҳавлии бинои Иттифоқи Тоҷикматлубот бомаром идома дорад. Таҷдиди бинои маъмурии матлуботчиёни ҷумҳурӣ ва ободонии атрофи он бо сатҳу сифати баланд ба анҷом расонида мешавад.

Бояд қайд намуд, ки тибқи протоколи маҷлиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон № 1 аз 24.01.2023 вазорату идораҳо, ташкилоту муассисаҳо ва дигар мақомотҳои ҷумҳурӣ вазифадор гардидаанд, ки ба муносибати ҷашни 35 солагии Истиқлоляти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон корҳоро дар самти бунёду таҷдиди иншоотҳо суръати тоза бахшанд.