Суҳбати телефонӣ бо Президенти Федератсияи Россия Владимир Путин

0
150

7 октябри соли 2019 Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Федератсияи Россия Владимир Путин суҳбати телефонӣ анҷом доданд.

Дар ҷараёни суҳбати самимӣ ва дӯстона Эмомалӣ Раҳмон бо ибрози беҳтарин таманниёт Владимир Путинро бо зодрӯзаш сидқан табрик намуданд.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон нақши бузурги Владимир Путинро дар раванди рушди комёби муносибатҳои дӯстӣ ва ҳамкориҳои босамари миёни Тоҷикистон ва Россия таъкид карданд.

Зимнан омодагӣ ба талошҳои муштараки ҳадафманд ба хотири таҳкими шарикии стратегии Тоҷикистон ва Россия дар маҷрои манфиатҳои аслии мардумони ду кишвар ва ба хотири таъмини суботу амнияти минтақа баён гардид.

Қаблан Сарвари  давлати Тоҷикистон унвонии Президенти Федератсияи Россия барқияи табрикотӣ ирсол намуданд.

Источник: president.tj