Самтҳои хизматрасонӣ

0
2018

Самтҳои хизматрасонӣ

Самтҳои хизматрасонӣ

Иттифоқи Тоҷикматлубот дар сохтори худ шабакаҳои васеъи савдо, хӯроки умумӣ, маҳсулоттайёркунӣ, истеҳсолот, сохтмон, хоҷагиҳои ёрирасон, бозорҳо, савдои хориҷиро фаро гирифтааст.

Соҳаи асосии кооператсияи матлубот савдост. Ташкилотҳои соҳа тавассути савдои деҳот сокинони шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ ва деҳоти кишварро бо молу маводи мавриди ниёз таъмин менамоянд. Фаъолияти савдои кооператсияи матлубот тавассути хизматрасонии 918 махоза ба роҳ монда шудааст, ки дар онҳо номгӯи васеъи молу маҳсулоти мавриди ниёз аз қабили хӯрокворӣ, анвои молҳои саноатӣ, асбобҳои рӯзгор, масолеҳи хоҷагиву сохтмон ва ғайра пешкаши аҳолӣ мегардад. Ҳамзамон теъдоди махозаҳои замонавӣ бо хизматрасонии хуби савдо дар деҳот афзоиш меёбад. Дар ноҳияҳои дурдасти аҳолинишин махозаҳо асосан бо маҳсулоти мавриди ниёзи ҳаррӯзаи мардум таъмин карда мешавад, ки ҳадаф таъминоти аҳолии маҳал бо молу маводи рӯзмараашон мебошад.

Дар соҳа дар ҳудуди ноҳияҳои сарҳадии ҷумҳурӣ савдои наздисарҳадӣ тавассути бозорҳои наздисарҳадӣ ба роҳ монда шудааст, ки теъдоди онҳо ба 6 адад расида, масоҳати умумиашон наздик ба 3 ҳазор метри мураббаъ мебошад. Чунин нуқтаҳо дар сарҳадҳои байни Ҷумҳурии Исломии Афғонистон, Ҷумҳурии Қирғизистон ва Ҷумҳурии Ӯзбекистон таъсис ёфтааст.