Маълумоти умумӣ

0
554

Кооператсияи матлуботи Тоҷикистон Иттифоқи «Тоҷикматлубот» дар асоси қонунгузории кооперативӣ аз ҷониби давлат дастгирии ҷиддиро бархӯрдор аст. 

Соли 1992 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи кооператсияи матлубот дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» аз нав қабул гардид. Ба қонуни мазкур, ки 13 марти соли 1992 қабул гардида буд, солҳои 1995, 2005 ва 2008 тағйироту иловаҳо ворид карда шуданд, ки тибқи моддаи 7 – уми қонуни мазкур Давлат ҳимояи манфиатҳои қонунии кооператсияи матлубот ва аъзоёни ӯро, ҳамчунин ҳуқуқҳои соҳибмулкии коопертсияи матлуботро кафолат медиҳад. Моликияти кооператсияи матлубот барои дигарон дастнорас аст.

Иттифоқи «Тоҷикматлубот» узви Ассотсиатсияи Лигаи ташкилотҳои кооперативии миллии (ҷумҳуриявӣ) мамолики ИДМ ва Алянси Байналхалқии кооперативӣ мебошад.

Айни замон теъдоди саҳмиядорони кооператсияи матлуботи Тоҷикистон 146881 нафарро ташкил намуда, хазинаи саҳмияи онҳо 678845 сомониро дар бар мегирад.

Барои беҳбуди зиндагии кормандони соҳа истироҳатгоҳи махсус фаъолият дорад. Дар ҳудуди маркази маъмурии соҳа ошхона, чойхона, тарабхона, меҳмонхона, комплекси барқароркунии саломатӣ ва махозаи супер – маркет фаъолият дорад. 

Иттифоқи Тоҷикматлубот барои барқарор намудани муносибатҳои тарафайни тиҷоратӣ бо тамоми ташкилоту муассисаҳо, ашхоси ҷудогона, соҳибкорони хусусии мамолики ИДМ ва дигар давлатҳо ҳавасманд мебошад.

Муносибатҳои мо қабл аз ҳама баҳри инкишофи ҳамкориҳои тиҷорати байни иттифоқҳои матлуботи мамолики ИДМ, соҳибкорони давлатҳои ҳамсоя аз қабили Ҷумҳурии Исломии Эрон, Чин, Ҷумҳуриҳои исломии Афғонистону Покистон ва давлатҳои дигар нигаронида шудааст.

Кооператсияи матлуботи Тоҷикистон ҳамеша тарафдори муносибатҳои неки ҳамкорӣ бо тамоми матлуботчиёни мамлакатҳои ИДМ буда, барои ин имконият ва захираҳои заруриро дорад.