Мулоқот бо Президенти Туркманистон Сердар Бердимухамедов

0
101

4 августи соли 2023 дар Ашхобод Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар доираи сафари кории худ ба Туркманистон бо Президенти Туркманистон Сердар Бердимухамедов мулоқот анҷом доданд.

Сарони давлатҳо маҷмӯи масъалаҳои вобаста ба ҳамкориҳои дуҷонибаро дар соҳаҳои сиёсӣ, иқтисодиву тиҷоратӣ, фарҳангиву башарӣ ва дигар арсаҳо ба баррасӣ гирифтанд. Ба иҷрои мувофиқаҳое, ки аз натиҷаи сафари давлатии Президенти Туркманистон дар моҳи майи соли 2023 ҳосил гардида буданд, таваҷҷуҳи хосса зоҳир шуд.

Ҷонибҳо аз рушду тавсеаи савдои мутақобила ва дастгирии тамоюли афзоиши бемайлони он пуштибонӣ намуданд. Дар ин робита зарурати истифодаи имкониятҳои Комиссияи байниҳукуматӣ оид ба ҳамкориҳои тиҷоративу иқтисодӣ ва илмиву техникӣ, Шурои кории Тоҷикистону Туркманистон, ҳамчунин амалияи баргузории форумҳои соҳибкорон  мавриди таъкид қарор гирифт.

Ҳамзамон, атрофи масъалаҳои байналмилалӣ ва минтақавӣ табодули назар сурат гирифт.

 Президентҳо бо изҳори қаноатмандӣ сатҳи баланди эътимод ва мавҷудияти иқтидори зиёди ҳамкориҳои ду кишварро таъкид карда, аз рушди минбаъдаи рӯзафзуни муносибатҳои дуҷониба дар ҳамаи соҳаҳои мавриди манфиати тарафҳо ҷонибдорӣ намуданд.  

 

Маводҳо доир ба мавзӯъ:

Маводи дигар вобаста ба робитаҳо дар сатҳи олӣ миёни Тоҷикистон ва Туркманистон

Источник: president.tj