Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия, Агентии хизмати давлатӣ ва Саридораи ҳифзи сирри давлатӣ таъйиноти кадрӣ ба амал оварданд

0
1





Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия, Агентии хизмати давлатӣ ва Саридораи ҳифзи сирри давлатӣ таъйиноти кадрӣ ба амал оварданд

ДУШАНБЕ, 07.02.2024 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон кадрҳои ба вазифаҳои роҳбарӣ дар Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия, Агентии хизмати давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Саридораи ҳифзи сирри давлатии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таъйингардидаро барои суҳбат ба ҳузур пазируфтанд.

Бо фармонҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба вазифаҳои муовини якум ва муовини директори Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, дар мувофиқа бо Сарвари давлат сардорони раёсатҳои Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, шаҳри Душанбе, вилоятҳои Суғду Хатлон, минтақаи Кӯлоби вилояти Хатлон, сардорони баъзе аз раёсатҳои дастгоҳи марказии Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия аз ҳисоби кадрҳои кордону варзида ва ҷавону ояндадор таъйин гардиданд.

Ҳамчунин муовини директори Агентии хизмати давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва муовини якуму муовини сардори Саридораи ҳифзи сирри давлатии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таъйин гардиданд.

Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни суҳбат таваҷҷуҳи ҳозиринро ба камбудию норасоиҳое, ки дар кори ин ва дигар мақомоти давлатӣ ба назар мерасанд, ҷалб намуда, барои бартараф намудани онҳо, муборизаи беамон бар зидди ҳама гуна ҷинояткорӣ, назорати харҷи босамари маблағҳои буҷетӣ ва татбиқи ҳадафмандонаи лоиҳаҳои сармоягузорӣ ва бо ҳисси баланди масъулиятшиносию ватандӯстӣ пеш бурдани фаъолияти хизматӣ дастуру ҳидоятҳо доданд.

Таъкид гардид, ки донистани на кам аз ду забони хориҷӣ, тарбияи кадрҳои ҷавону ватандӯст ва содиқ ба давлату миллат ва ҳамчунин мусоидати ҳамаҷониба ба таҳкими амну субот дар ҷомеа аз вазифаҳои асосии ҳар хизматчии давлатӣ ба ҳисоб меравад.

Таъиноти кадрӣ 07.02.2024


Февраль 7, 2024 11:28



Source link